Паёми тасаллияти мақоми аршади фаластинӣ ба муносибати даргузашти мушовири Раҳбари инқилоби исломӣ
(last modified Tue, 25 Aug 2020 11:46:44 GMT )
Август 25, 2020 16:46 Asia/Dushanbe
  • Паёми тасаллияти мақоми аршади фаластинӣ ба муносибати даргузашти мушовири Раҳбари инқилоби исломӣ

Дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин даргузашти раиси Шӯрои олии маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва мушовири Раҳбари муаззами инқилоб дар умури ҷаҳони исломро тасаллият гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна , Зиёд Ан-Нахола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин    дар паёми тассалияти худ олами ҷалил-ул-қадр ҳуҷҷат-ул-ислом вал-муслимин Муҳаммадалии Тасхириро «марди ҷиҳод , илм, фарҳангу сиёсат » хонд.
 Дар паёми дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ҳамчунин омада аст, ҳуҷҷат-ул-ислом  Тасхирӣ бар ваҳдат , иззату каромати уммати исломӣ ва ҳамчунин дифо аз Фаластину ормони муқаддаси инсонии он таъкид дошт .
Ҳуҷҷат-ул ислом вал-муслимин Муҳаммадалии Тасхирӣ раиси шӯрои  олии маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва мушовири Раҳбари муаззами инқилоб дар умури ҷаҳони ислом  сешанбеи ҳафтаи гузашта дар 76 солагӣ бар асари оризаи қалбӣ даргузашт .
 Эшон аз чеҳраҳои шинохтаи илмӣ ва фарҳангии ҷаҳони ислом буд, ки ҳамвора дар эҷоди тафоҳуму ҳамдилӣ миёни мусулмонон талош мекарду хадамоти арзандае дар ин қаламрав ба ислом кард .
 Аз ин андешаманди мусулмон  даҳҳо китобу садҳо мақола ба таълиф ё тарҷума мунташир шуда аст .