Дархости Миср барои ҷуброн аз соҳиби киштии ба гил нишаста дар канали Суэц
(last modified 2021-04-15T04:57:32+00:00 )
Апрел 15, 2021 09:57 Asia/Dushanbe
  • 23 марти соли 2021 киштии Ивер Грин канали Суэцро баст
    23 марти соли 2021 киштии Ивер Грин канали Суэцро баст

Мақомоти Миср хостори дарёфти беш аз 900 миллион доллар ҷуброн аз молики киштии Ивер Грин шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, мақомоти мисрӣ аз ширкати молики киштии «Ивер Грин » ( EverGreen ), ки чанде қабл дар канали Суэц  ба гил нишаста буд хостори ҷуброни 916 миллион доллар  шуданд. 
  
Қоҳира ин ҷубронро барои пардохти хисоратҳое талаб кардааст, ки додгоҳи иқтисодии исмоилия ба унвони додгоҳи маҳалли ҳодиса, таъин кардааст. 

Раиси созмони канали Суэц гуфтааст 300 миллион доллар аз ин ҷуброни подош ва музди наҷоти киштист ва 300 миллион доллар ҳам барои ҷуброни зиёни маънавист, ки бар асари таваққуфи чандрӯзаи дарёнавардии байналмилалӣ ба ҷойгоҳи канали Суэц ворид шудааст. 

  
Аз сӯи дигар ширкати иҷоракунандаи киштии Ивер Грин, ки дар канали Суэц  ба гил нишаста буд, эълом кард киштӣ ҳамчунон дар дарёҳо саргардон аст то таклифи тавофуқ бо созмони канали Суэц  мушаххас шавад. 

Канали Суэц   бо тӯли ҳудуди 200 километр, канале дастсоз байни ду дарёи сурх ва Медитарона аст.

Ҳудуди 7 дарсад аз тиҷорати дарёи дунё аз тариқи ин канал анҷом мешавад ва яке аз манбаҳои аслии даромади Миср аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп