Май 12, 2021 16:34 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ваҳдат, охирин силоҳ барои озодсозии Фаластин ва Байт ул Муқаддас аст.
    Зариф: Ваҳдат, охирин силоҳ барои озодсозии Фаластин ва Байт ул Муқаддас аст.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба забони арабӣ таъкид кард, таҳаввулоте, ки ҳам акнӯн дар сарзамини Фаластини ишғолӣ ва навоҳии Қудси шариф шоҳид он ҳастем, марҳалае асосӣ дар таърихи муборизоти мардуми Фаластин талаққӣ мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар паёми видеоӣ ба забони арабӣ хитоб ба миллати Фаластин таъкид кард, Фаластин масъалаи аслии ҷаҳони ислом, уммати исломӣ ва ҳамаи озодагони ҷаҳон аст, ҳамонгуна, ки ваҳдат, охирин силоҳ барои озодсозии Фаластин ва Байт ул Муқаддас аст.

Зариф дар ин паём афзуд, ҳамла ба Масҷид ул Ақсо ва кушташудани намозгузорон ва нақзи муқаддасоти динӣ, бузургтарин гувоҳи нажодпарастӣ ва ҷинояткории режими ғосиби саҳюнистӣ аст, ки ҳамеша омили аслии ноамнӣ дар ин минтақа буда ва иқдомоти муҷримонааш нақзи ошкори қавонин, маншурҳо ва ҳанҷорҳои байналмилалӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кардааст, ки фақат як роҳи ҳали одилона барои масъалаи Фаластин вуҷӯд дорад ва он ҳамапурсии мардумӣ аст, ки оянда ва сарнавишти худро бояд таъйин кунанд.

Дар паёми Зариф омадааст, Ҷумҳурии Исломии Эрони ҳамеша ва ҳамеша дар канори фаластиниён мемонад, аз ормони онҳо ҳимоят мекунад ва хостаҳои онҳоро ба нафъи муқовимати машрӯъи онҳо пазируфтааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф имрӯз (чаҳоршанбе) ба манзури дидору табодули назар дар хусӯси мавзуоти дуҷониба ва минтақаӣ ва ҳамчунин баррасии охирин таҳаввулоти сарзаминҳои ишғолӣ ва таҷовузи режими саҳюнистӣ ба муқаддасоти мусулмонон дар садри ҳайате ба Сурия сафар кард ва вориди Димишқ шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон, дар ин сафар илова бар дидор ва табодули назар бо мақомоти баландпояи давлати Сурия бо раҳбарони гурӯҳҳои фаластинии муқими ин кишвар низ дидор ва охирин авзоъи таҳаввулоти Фаластини ишғолиро баррасӣ хоҳад кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп