Идомаи ҳамалоти саҳюнистҳо ба Масҷид-ул Ақсо ва ҳушдори фаластиниҳо
Бо гузашти панҷ рӯз аз поёни ҷанги 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниёни Навори Ғазза, ҳамчунони силсила ҳамалоту юришҳои саҳюнистҳо алайҳи Масҷид-ул Ақсо ва Қудси ишғолӣ ба шиддат идома дорад.
Ба гузориши вебгоҳи Араб 48, Бошгоҳи асирони фаластинӣ рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, дар канори силсила ҳамалоти режими саҳюнистӣ ва шаҳракнишинони саҳюнист ба фаластиниён ва Масҷид-ул Ақсо дар рӯзҳои ахир, низомиёни ишғолгар беш аз 1500 фаластиниро боздошт кардаанд, ки ба ташдиди авзоъ дар сарзаминҳои ишғолӣ мунҷар шудааст.
Низомиёни режими саҳюнистӣ аз субҳи дирӯз давр то даври Масҷид-ул Ақсоро муҳосира карда ва монеъи вурӯди фаластиниён ба ин макони муқаддас шудаанд, масҷиде, ки сирфан ба мусулмонон ихтисос дорад ва тибқи қавонини байналмилалӣ саҳюнистҳо ҳаққи вурӯд ба онро надоранд.
Шайх Абдулазим Салҳаб, раиси Шӯрои авқофи исломии Қудс гуфт, тамомии масоҳати Масҷид ул Ақсо, муҳаввата ва намозхона ва ҳаётҳо ва атрофи деворҳо як масҷиди исломӣ аст ва ҳеч иртиботе ба яҳӯдиён надорад ва агар Исроил мехоҳад ҷанг байни адён роҳ биандозад ин ҷанг ҳеч чизеро боқӣ нахоҳад гузошт ва Исроил масъӯли натоиҷи иқдомоти худ аст.
Мақомоти режими саҳюнистӣ бомдоди рӯзи ҷумъа (21 май) ва пас аз 12 рӯз юриши ҳамаҷониба ба Борикаи Ғазза, ба далели нокомӣ дар аҳдофашон ва ҳамчунин нотавонӣ дар муқобила бо ҷанги мушакии муқовимат, оташбас бо муқовимати Фаластинро пазируфтанд.
Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аз тариқи миёнҷии мисрӣ ба Тел Авив ҳушдор доданд, ки муҳлати тасбити оташбас дар ҳоли итмом аст ва агар ин режим ба тааҳҳудоташ амал накунад, даргириҳо аз сар гирифта мешавад.
Бештар бихонед:
- Шодии фаластиниҳо дар Масҷид ул Ақсо баъд аз пирӯзии муқовимат+навор
- Партоби бомбҳои савтӣ ба дохили Масҷид ул Ақсо
- Ҳушдори гурӯҳҳои фаластинӣ ба режими саҳюнистӣ дар бораи ҳамла ба Масҷид ул Ақсо