Ҷон бохтани беш аз ҳазор яманӣ дар ҳар ҳафта бар асари гуруснагӣ
(last modified Fri, 24 Sep 2021 13:00:46 GMT )
Сентябр 24, 2021 18:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани беш аз ҳазор яманӣ дар ҳар ҳафта бар асари гуруснагӣ

Ҳар ҳафта беш аз ҳазор нафар дар Яман бар асари гуруснагӣ ва норасоии ғизо ҷони худашонро аз даст медиҳанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҷазира, созмонҳои байналмилалии фаъол дар Яман бо интишори гузорише дар ҳошияи ҳафтодушашумин нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк таъкид карданд, ҳар рӯз миллионҳо нафар дар Яман барои зинда мондан мубориза мекунанд.

Мартин Грифитс, муовини дабири кулли Созмони Милал дар умури башардӯстона эълом кард, иқтисоди Яман ба аъмоқи ҷадиде аз суқут расидааст ва қишрҳои заъифтар ҳамвора бештарин ҳазинаи буҳронро пардохт мекунанд.

Мудири кулли Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (Юнисеф) тасвири ҳавлноке аз вазъи ёздаҳ миллиону 300 ҳазор яманӣ тарсим мекунад, ки барои зинда мондан муттакӣ ба дарёфти кумакҳои инсонӣ ҳастанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар карда, ки то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп