Апрел 16, 2022 10:28 Asia/Dushanbe
  • Ин режим талошҳои созмонёфтаро дар шаҳри Қудс ва Масҷидул-Ақсо дар дастури кор дорад
    Ин режим талошҳои созмонёфтаро дар шаҳри Қудс ва Масҷидул-Ақсо дар дастури кор дорад

Низомиёни Исроил бомдоди ҷумъа ба рӯза дорони муътакиф дар Масҷидул -Ақсо юриш бурданд, ки дар ҷараёни он беш аз 400 нафар аз фаластиниҳо боздошт ва беш аз 150 нафари дигар захми шуданд.

Ҷумъа охирин рӯз аз ҷашнҳои марбут ба иди Писаҳ (ба арабӣ фасҳ) яҳудиён буд, ки шаҳракнишинони ифротӣ ҳаводори ҷунбиши Ҳайкал қасд доштанд имсол дар дохили Масҷмдул-Ақсо қурбонӣ кунанд ва баъд аз сузондани лошаҳо хокистраи онҳоро дар Қабилатул Сахра пахш кунанд.

Ин ҷунбиш аз солҳо пеш дар паи тахриби Масҷидул -Ақсо ва гузоштани муҷассамаи Ҳайкал ба ҷои он ба роҳ уфтодааст. Бо вуҷӯди ин ки давлати саҳюнистӣ дар амал бо шаҳракнишинон ҳамроҳи ва ҳамгоми мекунанд ва сиёсатӣ шаҳраксозиро таи чанд даҳҳаи гузашта ба гунае пеш бурдааст, ки дар ниҳоят ба ҷудоии шаҳри Қудс аз бақия манотиқи Каронаи Бохтарӣ ва тағир бофти ҷуғрофиёӣ ва ҷамъиятии он бианҷомад аммо то кунӯн аз тарси авоқиби пешбини нашуда тахриби Масҷидул- -Ақсо аз додан тири халос ва ҷунбиши Ҳайкал худдори кардааст. Аз чанд моҳ пеш ҳаводоронӣ ин ҷунбиш дар паи ин буданд,ки назари  худ мабни бар қурбонӣ кардан дар дохили Масҷидул-Ақсоро амали кунанд аммо амалётҳои чаҳоргонае,ки фаластиниҳо анҷом доданд навъи боздорандагӣ дар баробари амали кардани ин назар эҷод кард.

  • Бо ин ҳол режими саҳюнистӣ барои дилҷуӣ аз саҳюнистҳои шаҳракнишин ба хусӯс ҳаводорони ҷунбиши Ҳайкал ба таъарузоти густарда дар Масҷидул-Ақсо даст зад ва онро мавриди беэҳтироми қарор дод. Ин режим талошҳои созмонёфтаро дар шаҳри Қудс ва Масҷидул-Ақсо дар дастури кор дорад ва роҳбӯрдии воҳидиро таи чанд даҳҳаи гузашта аларағми ташкили давлатҳои мутафовит дунбол кардааст. Аз ҳамон ибтидо шаҳраксозиҳо дар Каронаи Бохтарӣ ба гунае эҳдос шудаанд, ки аз шимол ба ҷанубӣ Каронаи Бохтарӣ густариш ёбанд ва дар ҳаволии Қудс ин шаҳракро аз ҷаҳор тараф таҳди муҳосира қарор диҳад то фаластиниҳои сокинро ба тарки ин шаҳр маҷбур кунанд.

Ҳадафи дигар ин будааст, ки ҳамаи намодҳои давлати Фаластин аз байн бурда шавад  чун ҳар вақт аз давлати Фаластин сухане ба миён омада Қудс ба унвони пойтахти он матраҳ  шудааст лизо аз диди саҳюнистҳо агар Қудс ба таври комил яҳудӣ шавад дар ин сурат имкоти ташкили давлати фаластинӣ ҳам мунтафи мешавад. Бар ҳамин асос ҳамчуноне, ки тасаллут бар Қудс ва Масҷидул-Ақсо ба ҳадафи муштараки ҳамаи саҳюнистҳо табдил шудааст ҳамин таҳаввул дар ҷомеаъи фаластинӣ низ эҷод шудааст ва ҳамаи фаластиниҳо бо вуҷӯди ихтилофи назарҳое, ки дар бархе мавридҳо бо якдигар доранд ва ё дар манотиқи мухталифи Ирози ишғолӣ ва хориҷ аз он зиндагӣ мекунанд аммо дар муқобила бо таҳрҳои режими саҳюнистӣ дар Қудс ва Масҷидул-Ақсо ҳадафи муштаракеро дунбол мекунанд ва ҳатто дар ин маворид фаластиниҳои сокини Ирози ишғолӣ 1948 мавсум ба Исроил, ки солҳо дар канори яҳудиён зиндагӣ кардаанд, пешгом амал мекунанд ва ҳамчуноне,ки мушоҳида шуд дуто амалётҳои зидди исроилӣ тавассути ҳамин фаластиниҳо анҷом шуд ва зимни инки ҳар вақт мушахас мешавад, ки саҳюнистҳо қасди тааруз ва   ҳурмат шикини  дар Масҷидул-Ақсоро доранд билофосила худро ба ин макон мерасонанд то аз ин мубориза ақаб намонанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки фаластиниҳои дохили Исроил ҳудуди як панҷум аз ҷамъияти Фаластини ишғолирг ташкил медиҳад лизо режими саҳюнистӣ вурӯди онҳоро ба арсаи мубориза бо ин режим бо нигаронӣ дунбол мекунад ва бо таваҷҷӯҳ ба таҷрӯбаҳои гузашта аз ҷумла амалиёти Шамшери Қудс бо эҳтиёт амал мекунад.

Дар ҷараёни ин амалиёт, фаластиниҳои сокини Ғазза бо партоби мушак ба қалби Теловин ба кумаки фаластиниҳои сокини Ирози ишғолӣ 1948 ва Каронаи Бохтарӣ дар муқобила бо талошҳои режими саҳюнистӣ барои кучондани ҷамъе аз фаластиниҳои сокини Қудс баромаданд. Дар шароите,ки кишварҳои  арабӣ ба хусӯс онҳое, ки бо пайвастан ба дастаи созиш бо режими саҳюнистӣ амалан ҳимояти худро аз фаластинҳо бардоштаанд ва онҳоро дар баробари режими саҳюнистӣ раҳо кардаанд аммо дар муқобили фаластиниҳо бо кашида шудани муборизот бо ҳавзаи Қудс ва Масҷидул-Ақсо  бар ваҳдат ва як порчагии худ афзӯдаанд ва ҳамин амр нуқтаи умеди онҳоро дар рӯё рӯиҳои ҳол ва оянд рушантар мекунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп