Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба намозгузорони Масҷид-ул-Ақсоро маҳкум кард.
(last modified Sat, 16 Apr 2022 16:00:35 GMT )
Апрел 16, 2022 21:00 Asia/Dushanbe
  • Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба намозгузорони Масҷид-ул-Ақсоро маҳкум кард.
    Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба намозгузорони Масҷид-ул-Ақсоро маҳкум кард.

Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ дар баёнияе ҳамалоти режими ғосиби саҳюнистӣ ва беҳурматии намозгузорон дар Масҷид-ул-Ақсоро маҳкум кард.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" фарохоне барои ҳузури густардаи мардум дар Масҷид-ул-Ақсо содир кард ва мардуми Фаластин низ рӯзи ҷумъа ба тарафи Масҷид-ул-Ақсо ҳаракат карданд.

Низомиёни саҳюнистӣ ба пуштибони аз шаҳракнишинони саҳюнистӣ, ки машғули анҷоми одоби талмудӣ дар саҳнаҳои Масҷид-ул-Ақсо буданд бо юриш ба фаласитиниҳое, ки барои намози субҳ ба Масҷид-ул-Ақсо омада ва анҷоми эътикоф кардан буданд қариба ба 300 фаластиниро боздошт ва беш аз 152 нафарро захми карданд.

Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ ҳамчунин дар баёния бо таъкид бар лузуми вокуниши ҷаҳонӣ ба ҷиноятҳои ахири режими саҳюнистӣ бори дигар аз ҳамаи миллатҳо, нухбагон ва маҷомеъи байналмиллалӣ ва исломӣ хост, то дар ҷиҳати таъмини амнияти мардуми Фаластин бар асоси усули дифоъи машруъ аз худ дар муқобили ишғол ва терроризми режими саҳюнистӣ амал карда ва монеъи таҷовузот ва ҷиноятҳои ваҳшиёнаи саҳюнистҳо дар Фаластин шаванд.

Дар идомаи ин баёния омда аст бар асоси ваъдаи илоҳӣ пирӯзи бо мардуми Фаластин аст ва уммати исломӣ шоҳиди муҷозоти авомили ин ҷиноятҳо хоҳад буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп