Истиқболи ҲАМОС аз дархости Созмони Миллали Муттаҳид барои шикаста шудани муҳосираи Ғаза
(last modified 2022-06-23T07:01:50+00:00 )
Июн 23, 2022 12:01 Asia/Dushanbe
  • Вай ҳачунин гуфт, ки бояд сиёсатҳои табъизи нажодӣ ва опортоиди режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин поён ёбад
    Вай ҳачунин гуфт, ки бояд сиёсатҳои табъизи нажодӣ ва опортоиди режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин поён ёбад

Сухагуи ҷунбиши муқовимати исломии ҲАМОС чаҳоршанбе аз изҳороти сухангӯи Созмони Миллали Муттаҳид дар заминаи шикаста шудани муҳосираи навОри Ғаза истиқбол кард.

Ба гузориши Садои Хуросон Фузи Барҳум сухангӯи ҲАМОС  таъкид кард, ки гуфта шудани ин суханон аз сӯйи як мақоми байнамиллалӣ, бори дигар ранҷ ва дарди 2 миллион фаластинии таҳти муҳосираи золимонаи режими саҳюнистиро бармало кард.

Барҳум муҳосираи Ғазаро нақзи сареҳи қавонини Байналмиллӣ ва ҳуқуқи башар донист ва хостори барчида шудани сареъи ин муҳосираи золимона шуд.

Вай ҳачунин гуфт, ки бояд сиёсатҳои табъизи нажодӣ ва опортоиди режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин поён ёбад.

Барҳум ҳамчунин аз Созмони Миллали Муттаҳид ва тамоми ниҳодҳои ҳуқуқи ва байнамиллӣ хост, ин изҳоротро ҷиддӣ гирифта  ва барои поён додан ба ранҷ ва дарди мардуми Фаластин эъмоли фишор бар режими саҳюнистӣ ҷиҳати лағви муҳосираи Ғаза талош кунанд.

Ми-Алкалила вазири беҳдошти Фаластин бештар ҳушдор дода буд, ки тадовуми муҳосираи режими саҳюнистӣ ва адами ҳимоят ва кумакҳои байналмилаллӣ, сабаби камбуди шадиди дорӯ дар Фаластин шудааст.

Фаластин дар се соли гузашта аз бӯҳрони молли дар натиҷаи мусодираи амволи ноши аз  молиёт тавассути режими ишғолгари саҳюнист ва коҳиши ҳимояти хориҷӣ ранҷ бурдааст.

Барчасп