Август 29, 2022 18:04 Asia/Dushanbe
  • Инсирофи оятуллоҳ Ҳоирӣ аз марҷаъият ва хитоб ба муқаллидон : Аз оятуллоҳ Хоманаӣ итоат кунед

Оятуллоҳ Сайидкозими Ҳусайнии Ҳоирӣ аз мароҷеъи тақлиди шиъа дар Ироқ эълом кард ба далели пиронсолӣ аз марҷаъият инсироф медиҳад, аммо аз тарафдоронаш мехоҳад, ки аз Раҳбари инқилоби исломӣ, оятуллоҳил-узмо Хоманаӣ итилоъат кунанд .

Ба гузориши хабаргузории Форс, оятуллоҳ Сайидкозими Ҳусайнии Ҳоирӣ, марҷаъи тақлиди шиъёни Ироқ имрӯз ( душанбе ) дар баёнияе зимни эъломи ин тасмим ва ин ки намояндагони ишон дигар ҳаққи дарёфти маблағи шаръиро надоранд, муқаллидони худу шиъёнро ба табаъияту итиоат аз оятуллоҳил-узмо Хоманаӣ даъват карда ва ишонро шоистатарин фард барои раҳбарии уммати Ислом донистанд .
Оятуллоҳ Ҳоирӣ дар ин баёния зимни тазаккур ба ҷараёни Садр таъкид кард: Ҳар касе бихоҳад бо баҳра бурдан аз номи ду шаҳид Садр миёни мардуми Ироқ ихтилоф биндозад ва дар ҳоле ки фоқиди дараҷаи иҷтиҳоду дигар шароити лозим аст, бихоҳад раҳбарии шаръиро бар уҳда бигирад, аз садриҳо нест.
Ин олими гаронқадр ҳамчунин дар баёнияи худ идомаи ҳузури ишғолгарони амрикоӣ дар хоки Ироқро аз бузургтарин ҳаромҳо назди Худованд донист .
Сайидкозими Ҳусайнии Ҳоирӣ ( зодаи 1317 ҳ-ш ) аз мароҷеъи тақлиди шиъа ва аз шогирдони Сайид Муҳаммадбоқири Садр аст . Пас аз шаҳодати Сайид Муҳаммадбоқири Садр ва Сайид Муҳаммади Садр гуруҳе аз мардуми Ироқ ба хусӯс ҳомиёни хонадони Садр вайро ба унвони марҷаъи динӣ ва сиёсии худ баргузиданд .

 

Барчасп