Раҳбари Наҳзати исломии Баҳрайн: Ҳукумати Баҳрайн ба дунболи ба бардаги кашидани мардум аст
(last modified Tue, 04 Oct 2022 07:58:07 GMT )
Октябр 04, 2022 12:58 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи парлумонии Баҳрайн қарор аст октябри оянда дар ин кишвар баргузор шавад
    Интихоботи парлумонии Баҳрайн қарор аст октябри оянда дар ин кишвар баргузор шавад

Раҳбари наҳзати исломии Баҳрайн гуфт, ин ҳукумат ба дунболи бардаги кашидани мардуми Баҳраён аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алъаҳд, оятуллоҳ Шайх Исо Қосим раҳбари Наҳзати исломии Баҳрайн рӯзи сешанбе дар Твиттер навишт, режими Оли Халифа дарро ба рӯйи ҳар рай диҳанда ва намояндае барои озоди мебандад ва талош мекунад афсори бардагиро бар гардани мардум бибандад.

Раҳбари Наҳзати исломии Баҳрайн афзӯд, давлат фаъолона, ҳар шаҳрванд ва намояндаеро ба масири бардагии худ ҳул медиҳад.

Шайх Исо Қосим пеш аз ин низ мушорикат дар интихоботро аз назари ақл, дин варафтори ақлонии мардуд ва ғайри қобили қабул донист ва гуфт, дар ҳоли ҳозир талошҳо дар ростои бемаъни кардани интихобот ва холи кардани он аз ҳар гуна муҳтаво ва маъно барои миллат ва табдили он ба абзоре барои ҳокимияти афроди аст.

Интихоботи парлумонии Баҳрайн қарор аст октябри оянда дар ин кишвар баргузор шавад.

 Пеш аз ин Шайх Ҳусайн-Алдиҳи муовини дабири кулли ҷамъияти вафоқи исломии Баҳрайн низ дар хусуси интихоботи Баҳрайн гуфта буд, ончӣ имрӯз дар Баҳрайн мегузарад, вахомате дар ҳама сутуҳ аст, ки баёнгари воқеъияти баъди кишвар мебошад ва ончӣ режими Оли Халифа анҷом медиҳад,  талош барои сайқал додани ин воқеъият аз тариқи интихобот аст.

Баҳрайн аз 14 феврали соли 2011-и мелодӣ шоҳиди қиёми мардумӣ алайҳи ҳукумати Баҳрайн аст. Мардум хоҳони озодӣ, барқарории адолат ва рафъи табъиз ва рӯйи кор омадани низомӣ мунтахаб дар кишварашон ҳастанд.

Гурӯҳҳои мудофехи ҳуқуқи башар борҳо ҳукумати Баҳрайнро ба далели саркуби сухолифон маҳкум карда ва хостори ислоҳот дар низоми сиёсии ин кишвар шудаанд.

Бештар бихонед: