Даргирии ҷавонони фаластинӣ ва низомиёни саҳюнист дар Алхалил
Пас аз амалиёти зиддисаҳюнистии ҷавони фаластинӣ дар Алхалил, ҷануби Карона бохтарии руди Урдун, даргирии миёни ҷавонони фаластинӣ ва низомиёни саҳюнист дар ин минтақа ҷараён дорад.
Ин амалиёти зиддисаҳюнистӣ шанбешаб анҷом шуд, ки як саҳюнист кушта ва панҷ нафар захмӣ шуданд . Ҷавони фаластинӣ ҳам ҳадафи тирандозии низомиёни саҳюнист қарор гирифт ва шаҳид шуд . Пас аз ин рӯйдод хиёбонҳои Алхалил шоҳиди даргирии шадид миёни низомиёну ҷавонони фаластинӣ аст .
Ин даргирии хиёбонӣ аз рӯзи якшанбе шурӯ шудааст. Ҷавонони фаластинӣ бо санг ва оташ задани чархи мошинҳо дар баробари низомиёни саҳюнист муқовимат мекунанду саҳнаҳои муқовимат дар хиёбонҳои мухталифи Алхалил дар таърихи ҳамосасози Фаластин мондагор мешавад .
Низомиёни саҳюнист ҳам бо тирандозии мустақим ҷавонони фаластиниро дар Алхалил ҳадаф қарор медиҳанд . Низомиёни саҳюнист ҳамчунин тасвирбардоронро, ки дар ҳоли сабти ҷиноятҳои онон дар ҳадаф қарор додани мустақими ҷавонони фаластинӣ бо гулӯлаи ҷангӣ ҳастанд, таҳдид мекунанд . Дар ҳамин ҳол низомиёни саҳюнист чанд ҷавони фаластиниро дар ҷараёни даргириҳои хиёбонӣ дар Алхалил боздошт карданд . Манотиқи мухталифи Алхалил дар муҳосираи низомиёни саҳюнист аст . Ҳамзамон бо даргирӣ дар ин минтақа корпартоие ҳам дар ҳимоят аз муқовимати ҷавонони фаластинӣ ва ҳамчунин маҳкумияти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Алхалил шакл гирифтааст .