Декабр 02, 2022 18:47 Asia/Dushanbe
  • Се довари зан дар Ҷоми Ҷаҳонии 2022
    Се довари зан дар Ҷоми Ҷаҳонии 2022

Барои аввалин бор дар таърих дидори тимҳои Ҷопону Олмон дар гуруҳи “E” –и Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар ба се довари зан супурда шуд.

Стефани Фраппар, Неуза Бакк, Карен Диас Медина - се довари бозии Олмон - Костарика буданд ва таърихсоз шуданд.

Стефани Фраппар, довари фаронсавӣ, ки собиқаи қазовати финали Ҷоми ҷаҳонии занонро дорад, ба унвони довари миёна ва Неуза Бакки бразилӣ ва Диас Мединаи мексикоӣ ҳам ба унвони кумакдовари вай ин бозиро қазоват карданд.

Дар яке аз муҳимтарин дидорҳои ҳафтаи сеюми рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2022 –и Қатар, тимҳои Олмону Костарика панҷшанбе аз соати 22: 30 дар варзишгоҳи “Албайт”-и Давҳа ба масофи ҳам рафтанд, ки ин ҷидоли ҳассос бо бартарии 4 бар 2-и шогирдони Ҳанс Флик хотима ёфт, аммо онҳо натавонистанд муваҷҷизи роҳёбӣ ба марҳалаи якҳаштуми ниҳоии ҷоми ҷаҳониро ба даст оваранд то видои зудҳангомеро бо ҷом дошта бошанд.

Дар ин гуруҳ Ҷопон бо 6 имтиёз садрнишин шуд ва Испания бо чаҳор имтиёз тими дувум шуд то онҳо ба марҳалаи баъд бирасанд. Олмон бо 4 имтиёз ва Костарика ҳам бо 3 имтиёз аз мусобиқот канор рафтанд.

 

 

Барчасп