Декабр 03, 2022 16:42 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати беш аз 200 фаластинӣ аз сӯи низомиёни саҳюнист дар авоили соли 2022

Оморҳо нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ аз авоили соли ҷорӣ то кунуни 214 шаҳрванди фаластиниро ба шаҳодат расондааст .

Низомиёни саҳюнист дар тозатарин ҷиноят   Аммор Ҳамдӣ Муфлеҳ-масири озодаи фаластиниро рӯзи гузашта ( ҷумъа ) дар шаҳраки Хиора дар ҷануби Наблос воқеъ дар Каронаи бохтарӣ руди Урдун аз фосилаи наздик ба шаҳодат расонданд .
Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Само , баъд аз шаҳодати Аммор Ҳамдӣ Муфлеҳ ( 22 сола ) тавассути неруҳои режими саҳюнистӣ омори шуҳадои фаластинӣ аз авоили соли ҷорӣ то ба ин лаҳза ба 214 нафар расид.
Бар асоси оморҳои ҷамъоваришуда аз миёни ин шуҳадо 158 нафар аз Карона бохтарии руди Урдун аз ҷумла Қудси ишғолӣ 52 нафар аз борикаи Ғазза ва 4 нафар аз манотиқи ишғолии 1948 ҳастанд .
Дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар манотиқи мухталифи Каронаи бохтарии руди Урдун амалиёти зиддисаҳюнистӣ дар тӯли моҳҳои ахир ба шиддат афзоиш ёфтааст, ба гӯнае ки сарони сиёсӣ ва ниҳодҳои низомӣ ва амниятии ин режим ба нотавонии худ дар муқобила бо ин амалиётҳо иқрор карда ва дар бораи густариши он ҳушдор медиҳанд .
То пеш аз ин саҳюнистҳо фақат дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ ва дар минтақаи Ғазза бо фаластиниҳо даргир буданд, вале ҳам акнун Каронаи бохтарӣ дар шарқи Фаластин ба далели мусаллаҳ шудани ҷавонони он ба камингоҳӣ барои саҳюнистҳои буздил табдил шудаву хоби роҳатро аз чашмони онҳо гирифтааст.
 

 

Барчасп