Лукашенко : Ман иҷозат надодам Путин Пригожинро бикушад
Раиси ҷумҳӯри Беларус дар охирин изҳороти худ гуфт, ки ӯ иҷоза надода то Путин раиси гуруҳи низомии Вагнерро аз байн бибарад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Райтер,Александр Лукашенко-раиси ҷумҳӯри Беларус дар нишасти сешанбе бо мақомоти артиши ин кишвар ва хабарнигорон гуфт : Фаҳмидам Путин тасмим бераҳмонае барои аз байни бурдани шӯришиҳо гирифтааст.
Лукашенко ҳангоми тавсифи гуфтугуи худ бо Путин аз иборати омиёна дар забони рӯсӣ барои куштани як нафар истифода кард, ки муодили он дар англисӣ " wipe out " аз байн бурдан аст.
Лукашенко афзуд : Ба Путин пешниҳод кардам шитоб накунад, то бо Пригожин ва фармондеҳонаш суҳбат кунем » . Ӯ дар посух гуфт « бефоида аст, ҳатто телефонро ҷавоб намедиҳад . намехоҳад бо касе ҳарф бизанад » . Ӯ ҳамчунин гуфт артиш Беларус метавонад аз таҷрибиёти гуруҳи Вагнер, ки бар асоси тавофуқ бо Кремл метавонанд ба ин кишвар бираванд, истифода кунад.