Сентябр 12, 2023 21:26 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Тавофуқи Чин ва Кореяи Шимолӣ, вокунише ба таҳаррукоти Амрико дар шарқи Осиё

Муовини нахуствазири Чин ва раҳбари Кореяи Шимолӣ барои густариши равобиту афзоиши ҳамкориҳо мутақобил тавофуқ карданд.

Лю Гуоҷон, муовини нахуствазири Чин дар дидор бо Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ, тамоюли Пекинро барои густариши равобит бо Кореяи Шимолӣ эълом кард. Лю дар Кореяи Шимолӣ  тасреҳ кард: "Масъалаи маишатии мардуми Кореяи Шимолӣ барои Чин аҳамият дораду Пекин моил ба ҳамкорӣ барои афзоиши рифоҳи мардуми ду кишвар аст". Раҳбари Кореяи Шимолӣ низ дар ин дидор бо таъйиди суханони намояндаи Чин, бар тамоюли Кореяи Шимолӣ барои густариши равобити дӯстона бо Пекин таъкид кард.

Дар ҳамин иртибот, Ли Хунчжун, ноибраиси Кумитаи доимии Конгресси миллии халқии Чин дар мусоҳибае бо рӯзномаи Глобал Таймс гуфт: " Ли Хунчжун масъӯли бахшҳои беҳдошту кишоварзии Чин аст ва сафари вай ба Кореяи Шимолӣ ба манзури густариши ҳамкориҳои Пекин ва Пхениян дар бахши кишоварзӣ, дору ва беҳдошт аст ".

Чину Кореяи Шимолӣ аз давраи тӯлонӣ равобити нисбатан дӯстона ва наздике дар таърихи муосири худ барқарор кардаанд. Комунистҳои Карея маъману имконоти пуштибонӣ барои руфақои чинии худ дар муборизаи мунтаҳӣ ба таъсиси Ҷумҳурии халқи Чин дар соли 1949 фароҳам карданд. Дар муқобили ин мусоидати комунистҳои Корея, давлати Пекин низ бо мудохилаи низомии густарда дар ҷанги ду Корея байни солҳои 1950 то 1953 ва наҷоти корея таҳти идораи давлати Ким Ир Сен, аз суқӯти ҳатмии Кореяи Шимолӣ дар баробари пешравии неруҳои Созмони милал ба раҳбарии Амрико пешгирӣ карданд.

Чин ба ин васила, кумакҳо ва мусоидатҳои комунистҳои Кореяро талофӣ кард. Ин таҳаввул дар воқеъ сароғозе бар даврони ҷадид аз муносиботи роҳбурдии Пекин - Пхениян гардид, ки мутаоқибан таҳти унвони "наздики ҳамонанди лабу дандон" аз он ёд шудааст. Воқеият ин аст, ки таъмини ғизо ва энержии муҳимтарин ниёзи мардуми Кореяи Шимолӣ аст. Бо тавофуқ дар заминаи кишоварзӣ ва маишати мардуми ин кишвар, Чин, яке аз муҳимтарин ниёзҳои мардуми Кореяи Шимолиро таъмин ва тазмин хоҳад кард. Маъишате, ки таҳти таҳримҳои золимонаи Амрико аст.

Бо ин ҳол, чунин ба назар мерасад, ки сафари ҷории Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико ба Ветнам ва ёркашии Амрико дар шарқи Осиё, ниёзи Чину Кореяи Шимолиро ба иттиҳоди ҳарчӣ бештар, ташдид кардааст.

 

Барчасп