Ройзании раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия дар бораи таҳаввулоти Ғазза ва Қафқоз
(last modified Mon, 16 Oct 2023 13:51:59 GMT )
Октябр 16, 2023 18:51 Asia/Dushanbe
  • Ройзании раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия дар бораи таҳаввулоти Ғазза ва Қафқоз

Муовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ройзании руасои ҷумҳурии Эрону Русия дар бораи таҳаввулоти Ғазза ва Қафқоз хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Ҷамшедӣ, муовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, дар гуфтугӯи телефонии имрӯзи руасои ҷумҳурии Эрону Русия, Саидиброҳими Раисӣ дар бораи идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ҳушдор дод.

Ҷамшедӣ афзуд, Раисӣ, тадовуми муҳосира, куштори занону кӯдакон, ҳамлаи заминӣ ба Ғазза ва зарба ба давлати мунтахаб ва қонӯнии онро мӯҷиби ҷанги тӯлонӣ ва густарда донист.

Муовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард, дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар бораи таҳаввулоти Қафқоз низ ройзанӣ шуд.

 

Барчасп