Декабр 11, 2023 11:50 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Ситоди ҳуқуқи башар : Милалли озодаи ҷаҳон аз инфеъоли ниҳодҳои байналмилалӣ дар муқобили ҷиноёти Исроил ба сутӯҳ омадаанд
    Баёнияи Ситоди ҳуқуқи башар : Милалли озодаи ҷаҳон аз инфеъоли ниҳодҳои байналмилалӣ дар муқобили ҷиноёти Исроил ба сутӯҳ омадаанд

Ситоди ҳуқуқи башар ، дар баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар таъкид кард : Милали озодаи ҷаҳон аз инфеъоли ниҳодҳои байналмилалӣ дар муқобили ҷиноёти Исроил ба сутӯҳ омадаанд

Ситоди ҳуқуқи башар ، ба муносибати даҳуми декабр Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз инфеъоли ниҳодҳои байналмилалӣ дар муқобили ҷиноёти режими Исроил интиқод кард .

Ситоди ҳуқуқи башар бо судӯри баёнияе дар ҳафтоду панҷумин солгарди тасвиби эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар эълом кард,ки дар ин рӯз ҷашн гирифтан ، табрики гуфтану ибрози хурсандӣ ҳеҷ тавҷеҳӣ надорад зеро мардумони озода дар сартосари ҷаҳон аз инфеъоли ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба сутӯҳ омадаанд .

Дар баёнияе ин ситод ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар омадааст : Милали озодаи ҷаҳон бо идомаи раванди мутолибагарӣ, Созмони Миллал, Шӯрои ҳуқуқи башар ва кишварҳои муддаии ҳуқуқи башарро ба пазириши масъӯлият, посухгуӣ ва  хурӯҷи онҳо аз инфеъол водор кунанд то ҳар чӣ сариътар замина барои таъқибу муҷозоти ҷинояткорони исроилӣ фароҳам ояд .

Дар идомаи ин баёния омадааст : Акнӯн ки ҷаҳони шоҳиди саҳнаҳои фоҷеъабори насли зудоӣ. ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноятиалайҳи башарияти режими саҳюнистӣ дар Ғазза аст ва ҳар рӯза « ҳақи ҳаёт » ,« каромати инсонӣ » , « ҳақи моликият » ,« ҳақи озодии убӯр ва  мурӯр » ، « ҳаққ бар беҳдошту саломат » ، « ҳақ бар оби ошомидании солим » ، ҳақи омӯзиш ، ҳақ бар маскан ، ҳақи таъйини сарнавишт ва бисёре дигар аз ҳуқуқи сокинини бузургтарин ва  мутарокимтарин зиндони рўбози ҷаҳон ,дар ҳоли нақз шуданаст.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, имрӯз ки мардумони озода дар сартосари ҷаҳон аз инфеъоли ниҳодҳои байналмилалии кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба сутӯҳ омадаанду хостори таваққуфи ҷиноёт ва  таҷовуз в  муҷозоти ҷинояткорон ҷангӣ ҳастанд ; муносибтарин замон барои ислоҳи созукорҳои ҳуқуқи башарии мавҷӯд ва тарроҳии як назми навини байналмилалӣ аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп