Январ 28, 2024 12:01 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сафири Африқои Ҷанубӣ дар Теҳрон бар идомаи ҳимоят аз миллати Фаластин
    Таъкиди сафири Африқои Ҷанубӣ дар Теҳрон бар идомаи ҳимоят аз миллати Фаластин

Сафири Африқои Ҷанубӣ дар Теҳрон бар идомаи ҳимоятҳои ин кишвар аз миллати Фаластин дар муқобили ишғолгари ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Таъкиди сафири Африқои Ҷанубӣ дар  Теҳрон бар идомаи ҳимоят аз миллати Фаластин дар ҳоле аст, ки девони байналмилалии додгустари низ рузи ҷумъа ҳукми худро дар мавриди шикояти Африқои Ҷанубӣ зидди режими саҳюнистӣ мабни бар иртикоби наслкуши дар борикаи Ғазза ва лузуми иттихози иқдомоти фавқулодаро эълом кард.

Бар асоси ин ҳукм режими саҳюнистӣ бояд иқдомоти лозим барои мумонеъат аз ҷиноятҳои куштор зидди як маҷмуъаи инсониро иттихоз кунад.

Ин режим ҳамчунин бояд адами иртикоб ба ҷинояти наслкуши тавассути неруҳояшро тазмин ва иқдомоти дар ҳукм бояд иҷро ва наслкуши ва ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза мутавақиф шавад.

Дар ҳаминросто Фаронсис Мулуи сафири Африқои Ҷанубӣ дар Теҳрон дар гуфтугу бо хабарнигори ИРНА гуфт: Ҳимояти кишвараш аз мардуми Фаластин ба таърихи муборизаи Африқои Ҷанубӣ барои озоди бар мегардад ва дар ин роҳ таслими ҳеҷгуна фишори нахоҳад шуд.

Сафири Африқои Ҷанубӣ дар Теҳрон муборизаи мардуми Фаластин зидди режими саҳюнистиро шабеҳ ба муборизаи Африқои Ҷанубӣ барои озоди ва адолат таҳти опортойд донисту афзуд: Ҳеҷ ҷои дар ҷаҳон набояд вуҷуд дошта бошад, ки мардум аз таъини сарнавишти худ маҳрум шаванд ба ҳаминхотир кишвараш зидди наслкуши ва ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар девони байналмилалии додгустари шикоят кард.

Дар  ин замина давлати Африқои Ҷанубӣ ҳам бо истиқбол аз ҳукми девони байналмилалии додгустари дар Лоҳа эълом кард ин ҳукм пирузии қотеъи қонунмадори буда ва нуқтаи атфи муҳими дар заминаи таҳаққуқи адолати мардуми Фаластин аст.

Барчасп