Такрори изҳороти мудохилаҷӯёнаи раисиҷумҳури Амрико. Оё Трамп дилсӯзи миллати Эрон аст?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123714-Такрори_изҳороти_мудохилаҷӯёнаи_раисиҷумҳури_Амрико._Оё_Трамп_дилсӯзи_миллати_Эрон_аст
Порс-Тудей. Раиси ҷумҳурии Амрико бори дигар изҳороти мудохилаҷӯёнаи худро алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ва дар пайи рӯйдодҳои ахир такрор кард.
(last modified 2026-01-06T08:56:15+00:00 )
Январ 05, 2026 11:53 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп,  раиси ҷумҳурии Амрико
    Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико

Порс-Тудей. Раиси ҷумҳурии Амрико бори дигар изҳороти мудохилаҷӯёнаи худро алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ва дар пайи рӯйдодҳои ахир такрор кард.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар ҳоле ки мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон бар шунидани садои муътаризон таъкид доранд, Доналд Трамп рӯзи якшанбеи 4 январ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар ҳавопаймои раиси ҷумҳурии ин кишвар, бори дигар ба Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи истифода аз хушунат алайҳи муътаризон ҳушдор дод. Тайи рӯзҳои ахир ва дар пайи навасони қиматҳо, ба вижа қимати арз ва вазъияти иқтисодӣ эътирозоте дар Эрон шакл гирифтааст.

Изҳороти мудохилаҷӯёнаи Доналд Трамп дар ҳоле сурат гирифтааст, ки мақомоти ҷумҳурии исломӣ, аз ҷумла Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон эҳтиром ба мардум ва шунидани мутолиботи ононро асли ҳукмронии давлат донистаанд.

Трамп пештар низ матлаберо дар бораи ҳимоят аз муътаризони Эрон дар шабакаи иҷтимоии худ мавсум ба “Трус сушол” мунташир карда буд. Раиси ҷумҳурии Амрико дар рӯзҳои ахир ҳамчунин Теҳронро ба баҳонаи талош барои бозсозии таъсисоти ҳастаӣ ва тақвияти тавонмандии мушакӣ дар пайи ҷанги 12 рӯза ва низ ба баҳонаи ҳимоят аз муътаризон дар Эрон, таҳдид ба ҳамлаи низомӣ кардааст.

Дар вокуниш ба иддаоҳову таҳдидоти раиси ҷумҳурии Амрико, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон суханони Трампро «бепарвову хатарнок» тавсиф карда ва гуфт, ин мавозеъ эҳтимолан таҳти таъсири ҷараёнҳое аст, ки бо дипломатия мухолифанд ё онро ғайризарурӣ медонанд. Ӯ гуфт: Миллати бузурги Эрон монанди гузашта ҳар гуна дахолат дар умури дохилии худро қотеона рад хоҳанд кард. Ба ҳамин тартиб, неруҳои мусаллаҳи қудратманди мо дар ҳолати омодабош ҳастанд ва дақиқан медонанд дар сурати нақзи ҳокимияти Эрон, куҷоро ҳадаф қарор диҳанд.

Иддаоҳои ахири Трамп дар мавриди ба истилоҳ “ҳимоят аз мардуми Эрон” дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ӯ бо иттихози сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ пас аз хуруҷ аз тавофуқи ҳастаии БарҶом дар майи 2018, бештарин таҳримҳо ва фишорҳоро алайҳи Эрон эъмол карда ва дар дуюмин давраи раёсати ҷумҳурии худ низ бо дар пеш гирифтани корзори фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон, бо ҳимояти мустақим аз режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҷанги 12 рӯза, ба бомбаборони таъсисоти ҳастаии Эрон пардохт.

Ба назар мерасад ҳадафи аслии Трамп аз изҳороти ахираш дар таҳдиди Ҷумҳурии исломии Эрон, доман задан ба нооромиҳо ва ташвиқ ба идомаи эътирозоту даст задан ба иқдомоти хушунатомез ва тахрибӣ аст.

Дар айни ҳол изҳороти ахири раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи дилсӯзӣ барои миллати Эронро наметавон ҷудо аз собиқаи рафторӣ ва сиёсатҳои ӯ дар қиболи Эрон баррасӣ кард. Вақте фарде ки дар тӯли даврони масъулияти худ борҳо фишорҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳатто таҳдидҳои низомиро алайҳи як миллат эъмол кардааст, имрӯз муддаии дилсӯзӣ мешавад. Ин иддао бештар ба як таноқузи ошкор шабоҳат дорад то як мавзеи содиқона. Нақди ин иддао ниёзманди мурури корномаи ӯ дар қиболи Эрон аст.

Трамп дар даврони раёсати ҷумҳурии худ сиёсати “фишори ҳаддиаксарӣ”-ро алайҳи Эрон дунбол кард. Ин сиёсат шомили таҳримҳои густардаи иқтисодӣ буд, ки на танҳо давлати Эрон, балки зиндагии рӯзмарраи мардумро ҳадаф қарор дод. Таҳримҳо боиси коҳиши шадиди арзиши пули миллӣ, маҳдудият дар дастрасӣ ба дору ва колоҳои асосӣ ва афзоиши мушкилоти маишатӣ барои миллионҳо эронӣ шуд. Чӣ гуна метавон пазируфт, касе ки чунин сиёсатеро тарроҳӣ ва иҷро кардааст, имрӯз худро дилсӯзи миллати Эрон муаррифӣ кунад? Дилсӯзии воқеӣ бо эъмоли фишору маҳрум кардани мардум аз ниёзҳои аввалияи зиндагӣ созгор нест.

Аз сӯи дигар, Трамп дар сиёсати хориҷии худ ҳамвора ҳамсӯ бо Исроил амал кардааст. Ҳимояти беқайду шарти ӯ аз иқдомоти Исроил дар минтақа, аз ҷумла таҳдидҳову ҳамалот алайҳи Эрон, нишон медиҳад, ки дағдағаи аслии ӯ на мардуми Эрон, балки манофеи муттаҳидони минтақаии Амрико будааст. Ҳамроҳӣ бо Исроил дар фишор бар Эрон, ба вижа дар заминаи низомӣ, амалан амнияту оромиши мардуми Эронро таҳдид кардааст. Бинобарин, иддаои дилсӯзии ӯ бештар ба як абзори таблиғотиву сиёсӣ шабоҳат дорад то як воқеият.

Изҳороти мудохилаҷӯёнаи Трамп низ нишондиҳандаи нигоҳи ғайрисодиқонаи ӯ ба миллати Эрон аст. Ӯ борҳо дар суханони худ талош кардааст то миёни мардуму ҳукумати Эрон шикоф эҷод кунад ва аз ин тариқ сиёсатҳои худро қонунӣ ҷилва диҳад. Ин навъ суханон на аз сари дилсӯзӣ, балки барои пешбурди аҳдофи сиёсиву геополитикии Амрико дар минтақа баён шудаанд. Дилсӯзии воқеӣ ниёзманди эҳтиром ба истиқлолу ҳаққи таъйини сарнавишти миллатҳост, на дахолат дар умури дохилии онҳо.

Нуктаи муҳими дигар он аст, ки Трамп дар бисёре аз маворид аз забони таҳдид истифода кардааст. Таҳдид ба ҳамлаи низомӣ ё ташдиди таҳримҳо ҳеҷ гоҳ наметавонад нишонае аз дилсӯзӣ бошад. Чунин рӯйкарде танҳо фишори равонӣ ва иқтисодӣ бар мардум ворид мекунад ва фазои бесуботиро дар кишвар эҷод менамояд. Агар ӯ воқеан нигарони мардуми Эрон буд, бояд ба ҷои таҳдиду таҳрим, роҳи гуфтугӯ ва таомули созандаро интихоб мекард.

Дар маҷмуъ, иддаои Трамп мабнӣ бар дилсӯзӣ барои миллати Эрон бо корномаи ӯ дар тазоди комил аст. Сиёсатҳои фишори ҳаддиаксарӣ, ҳамроҳӣ бо Исроил дар таҳдид алайҳи Эрон ва изҳороти мудохилаҷӯёна нишон медиҳад, ки ҳадафи аслии ӯ на ҳимоят аз мардуми Эрон, балки пешбурди манофеи сиёсӣ ва иқтисодии Амрико ва муттаҳидонаш будааст. Бинобарин, чунин иддаоеро бояд бештар як намоиши сиёсӣ дар ростои аҳдофи истикбории Амрико донист то як мавзеи инсонӣ ва содиқона.