Апрел 03, 2017 17:21 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии ҳизби ҳоким дар интихоботи парлумонии Арманистон

Бо вуҷуди он ки натоиҷи ниҳоии раъйдиҳӣ дар шашумин даври интихоботи Маҷлиси Миллии Арманистон эълом нашудааст, Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистон, ҳизби ҳоким дар ин кишвар расман худро пирӯзи интихоботи парлумонӣ эълом кард.

Ба гузориши расонаҳои Арманистон, ҳанӯз кори шумориши орои интихоботи дувуми апрел поён наёфтааст, аммо ҳизби ҳокими Арманистон бо интишори эъломияе, ки бо натоиҷи назарсанҷиҳо ҳам мутобиқат мекунад, худро пирӯзи интихоботи дувуми апрел муаррифӣ кард. Ба гузориши расонаҳои Арманистон, шумориши ороъ дар аксар ҳавзаҳои интихоботӣ поён ёфта ва расонаҳои давлатии Арманистон аз пирӯзии дубораи Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо касби 59,99 дарсад раъй хабар доданд. Ҳизби мухолифи давлат, мавсум ба "Эътилофи Сарукян" бо раҳбарии Гагик Сарукян низ бо касби 25 дарсад аз ороъ дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифт.

Дар ҳоле ки Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ҳизби ҳоким худро барандаи интихоботи дувуми апрел эълом карда, вуқӯи даҳҳо мавриди тахаллуфи интихоботӣ бо эътирози густурдаи раҳбарони соири аҳзоби мувоҷеҳ шудааст. Дар ин замина Левон Тер-Петросян, раисҷумҳури асбақи Арманистон ва раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Арманистон иддао кардааст, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳ раъй мардумро харидорӣ кардааст. Ҷабҳаи мухолифи ҳизби ҳоким беш аз сад мавриди тахаллуфи интихоботиро баршумурдааст. Ин ҷабҳа ба интиқоли нерӯҳои низомӣ бо мошинҳои давлатӣ ба марказҳои раъйдиҳӣ дар баъзе аз ҳавзаи интихоботӣ ишора кардааст. Бо вуҷуди шебу фарозҳо дар интихоботи моҳи апрел шакке нест, ки мутобиқи пешбиниҳо, Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистон дар ниҳоят пирӯзи интихоботи дувуми апрел эълом хоҳад шуд. Бадеҳист, ки ҳизби ҳокими Арманистон аз ҳамакнун дар пайи иҷрои тарҳу барномаҳои тарроҳикарда дар ин кишвар аст.

Ин нахустин давраи интихоботи Маҷлиси Миллии Арманистон маҳсуб мешавад, ки баъд аз ҳамапурсии ислоҳоти Қонуни Асосии ин кишвар дар моҳи декабри соли 2015 баргузор шудааст. Бо ислоҳоти анҷомшуда дар Қонуни Асосии Арманистон низоми сиёсии ин кишвар ба ҷумҳурии парлумонӣ тағйир ёфт ва ихтиёроти раисҷумҳур ба уҳдаи нахуствазир вогузор хоҳад шуд. Қарор аст, ин тағйирот аз соли ояндаи милодӣ, ки дувумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон поён меёбад, пиёда шавад. Мунтақидон ин тағйиротро гоме барои бақои ҳузури Серж Саргсян дар раъси ҳарами қудрат дар Арманистон медонанд. Саргсян, раисҷумҳури 62-солаи Арманистон борҳо ин иттиҳомҳоро рад карда ва онҳоро бепоя хондааст. Саргсян соли 2008 ба унвони раисҷумҳури Арманистон интихоб шуд, ки даври дувуми риёсатҷумҳурии ӯ дар соли оянда ба поён хоҳад расид.

Дар вокуниш ба эътирозҳои мухолифон ҷиҳати вуҷуди тақаллуб дар интихобот Армен Ашатян, муовини раиси ҳизби ҳокими Арманистон тахаллуфоти дар интихоботи дувум апрел суратгирифтаро ба натиҷаи ниҳоии ин интихобот бетаъсир хонда ва эълом кардааст, Комиссияи интихоботи парлумон ширкаткунандагони интихоботро 1,5 миллион нафар эълом кардааст, дар муқобил 8 ҳазору 900 мавриди гузориш дар мавриди тахаллуфот ироа шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин рақам баробар бо 0.7 дарсад аз кулли орои ширкаткунандагон дар интихобот аст. Дар воқеъ, агар тамоми гузоришҳои ироашуда дуруст бошанд, метавон сиҳҳати интихоботи ахирро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.