Суқути як минтақаи стратегӣ дар шимоли Афғонистон ба дасти Толибон
(last modified 2017-04-25T12:25:53+00:00 )
Апрел 25, 2017 17:25 Asia/Dushanbe
  • Суқути як минтақаи стратегӣ дар шимоли Афғонистон ба дасти Толибон

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Тахор, шимоли Афғонистон эълом карданд, як минтақаи стратегӣ дар ноҳияи Дарқади ин вилоят тавассути Толибон суқут кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Тахор эълом карданд, минтақаи стратегии Алқуноқ дар ноҳияи Дарқади ин вилоят шаби душанбе аз тарафи Толибон ишғол шудааст. Минтақаи мазкур байни вулусволиҳои Дарқад ва Хоҷа Баҳоуддини вилояти Тахори Афғонистон қарор дорад.

Суннатуллоҳ Темур, сухангӯи волии Тахор низ имрӯз гуфт, Толибон роҳҳои мувосилотӣ ба ноҳияи Дарқадро масдуд кардаанд. Ӯ афзуд, Толибон дар ин ҳамла ду дидбонгоҳи пулис дар Хоҷа Баҳоуддин ва се дидбонгоҳи дигарро дар Дарқад ба контроли худ дароварданд. Сухангӯи волии Тахор гуфт, барои бозгушоии роҳҳои пайвасткунандаи Дарқад даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии афғон ва Толибон ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп