Август 30, 2017 20:08 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки Русия ба ҳалли буҳрон дар равобити Қатар бо ҳамсоягони араб

Вазири умури хориҷаи Русия аз кӯмаки Маскав ба ҳалли буҳрон дар равобити кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Сергей Лавров рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ бо шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ, ҳамтои қатарии худ дар Доҳа гуфт, Русия дар буҳрони халиҷи Форс нақши миёнҷӣ надорад, аммо мутмаин аст, ки метавон ин буҳронро дар чорчӯби Шӯрои Ҳамкории халиҷи Форс ҳаллу фасл кард.

Лавров ҳамчунин аз мавзеи Қатар дар ҳимоят аз эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия қадрдонӣ кард ва гуфт, Русия ба баргузории кумитаи муштарак миёни ду кишвар исрор дорад.

Дар дидори вазирони хориҷаи Русия ва Қатар авзои Либия низ баррасӣ шуд.

Лавров ҳамчунин бо шайх Тамим ибни Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар дидор ва ҳимояти кишваршро аз миёнҷигарии Кувайт эълом кард.  

Лавров қабл аз Қатар ба Кувайт ва Иморот низ сафар карда буд.

  Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср аз панҷуми июн бо муттаҳам кардани Доҳа ба ҳимоят аз терроризм, равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ карданд.

 

Барчасп