Ифшогарии Ҷон Керрӣ: Ҳамла ба Эрон, хостаи Арабистон, Миср ва Исроил буд
(last modified Mon, 16 Oct 2017 12:28:27 GMT )
Октябр 16, 2017 17:28 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии Ҷон Керрӣ: Ҳамла ба Эрон, хостаи Арабистон, Миср ва Исроил буд

Вазири хориҷаи собиқи Амрико дар як суханронӣ дар бораи иқдоми Доналд Трамп, барои тайиди адами пайбандии Эрон ба БАРҶОМ фош кард, раҳбарони Арабистон, Миср ва Исроил дар он замон аз Вашингтон мехостанд, ки ба Эрон ҳамлаи низомӣ кунад.

Ба нақл аз Алъолам, Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи собиқи Амрико муддаӣ шуд: Вақте ман дар сентябри 2013 музокира бо вазири хориҷаи Эронро барои тавофуқ оғоз кардам, бисёре аз мақомоти кишварҳо аз ҷумла Ҳуснӣ Муборак, раисҷумҳури Миср, Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистон, Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, маро барои ҳамла ба Эрон тарғиб мекарданд .

Ба гуфтаи вай, Барак Обама низ дархостҳои шахсии мактуби зиёде ба дасташ мерасид, то ба Эрон ҳамла кунад .

Ӯ афзуд: Аммо имрӯз мо ҳудуди 130 бозрас дорем, ки дар Эрон ҳузур доранд ва ҳар иттифоқе, ки дар таъсисоти ҳастаии Эрон меафтадро сабт мекунанд .

Ҷон Керрӣ тасмим Трамп дар хусуси БАРҶОМ-ро бе‌парво, хатарнок ва ғайримасъулона хонду афзуд: Ин тасмим ба инзивои Амрико мунҷар мешавад .

Ӯ идома дод: Дар ҷаласаи аъзои демократи Маҷлиси намояндагони Амрико ва суфарои Олмон, Британия, Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо, так таки онҳо ба намояндагони Конгресс гуфтанд, ки мо аз тасмими Трамп барои тайиди адами пайбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ, табаият намекунем.

Вай тасреҳ кард: Ба ҷои инки кишварҳои дигарро бо худ ҳамроҳ кунем, ҳамаи онҳоро аз худ дур мекунем .

 

Барчасп