Таҷҳизи артиши Русия ба таслеҳот ва таҷҳизоти низомии модерн то соли 2025
(last modified 2017-11-01T09:47:07+00:00 )
Ноябр 01, 2017 14:47 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи артиши Русия ба таслеҳот ва таҷҳизоти низомии модерн то соли 2025

Муовини вазири дифои Русия аз таҷҳизи артиши ин кишвар ба таслеҳот ва таҷҳизоти низомии модерн то соли 2025 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Юрий Борисов, муовини вазири дифои Русия ҳамчунин таъкид кард, тавсеаи нерӯҳои ҳастаии роҳбурдӣ ва силоҳҳои бодиққати бисёр боло, ҷузъи авлавиятҳои давлати Русия дар фосилаи солҳои 2018 то 2025 аст.

Пештар низ Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия дар умури саноеи низомӣ, аз тасвиби барномаи федералӣ барои тавсеаи ва пешрафтатар кардани таслеҳот ва таҷҳизоти низомии Русия хабар дода буд.

 

Барчасп