Таъкиди муовини Маҷлиси Афғонистон бар лағви паймони амниятии ин кишвар бо Амрико
(last modified Sat, 18 Nov 2017 14:56:13 GMT )
Ноябр 18, 2017 19:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муовини Маҷлиси Афғонистон бар лағви паймони амниятии ин кишвар бо Амрико

Муовини Маҷлиси миллии Афғонистон, лағви паймони амниятии ин кишвар бо Амрикоро хостор шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Ҳумоюн Ҳумоюн дар суханоне гуфт, Амрико ва Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ба барқарории сулҳ ва амният дар Афғонистон кумаке намекунанд аз ин ру, намояндагони Маҷлис бояд паймони амниятӣ бо Вашингтонро баррасӣ ва сипас лағв кунанд.

Ҳумоюн Ҳумоюн бо ишора ба сукути Амрико ва НАТО дар баробари ҳамалоти ракетӣ аз хоки Покистон ба шарқи Афғонистон афзуд, бар асоси паймони амниятии Вашингтон - Кобул, Амрико ва НАТО мукаллаф ҳастанд, то ба ҳамалоти Покистон ба хоки Афғонистон вокуниш нишон диҳанд.

Дар чанд рӯзи ахиран артиши Покистон, устонҳои Кунар ва Нангарҳор дар шарқи Афғонистонро ҳадафи дастикам як ҳазор адад ракет қарор додааст.

Бо гузашти беш аз ду сол аз имзои паймони амниятии Кобул - Вашингтон, дархост барои бознигарӣ ё лағвии ин паймон аз сӯи Маҷлиси миллии Афғонистон, баёнгари ташдиди беэътимодӣ ба Амрико дар анҷоми тааҳҳудоти худ дар қиболи ан кишвар аст.

Дар чорчӯби ин паймон, Амрико ҳудуди даҳ пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон дар ихтиёр дорад ва яке аз масъулиятҳои неруҳои Амрико дар ин паймон, муқобила бо ҳар гуна таҳдиди давлати Афғонистон аст.

Аммо неруҳои амрикоӣ ва НАТО худ ба омили ноамнӣ ва куштори мардуми Афғонистон табдил шудаанд.

Ҳамакнун ҳудуди 17 ҳазор низомии хориҷӣ, аз ҷумла 14 ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд.

 

Барчасп