Занги оғози мактабҳои Афғонистон бо нигаронӣ аз ҳамлаҳои террористӣ ба садо даромад
(last modified Sat, 24 Mar 2018 16:02:51 GMT )
Март 24, 2018 21:02 Asia/Dushanbe
  • Занги оғози мактабҳои Афғонистон бо нигаронӣ аз ҳамлаҳои террористӣ ба садо даромад

Занги оғози мактабҳо (мадрасаҳо) дар Афғонистон пас аз ҷашни Наврӯз ва Рӯзи кишоварз дар ҳоле аз сӯйи раиси ҷумҳури ин кишвар ба садо даромад, ки нигаронӣ аз ҳамалоти террористӣ ба ин ниҳодҳои омӯзишӣ ҳамчунон вуҷуд дорад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбе дар маросими оғози соли ҷадиди таҳсилӣ дар ин кишвар, таъмини амнияти мактабу мадрасаҳо ва марказҳои омӯзишӣ дар баробари ҳамалоти террористиро хостор шуд.

Вай ҳамчунин аз бозаргонон ва сармоягузорони афғон хост, бо додани замин, пул ва ё ашёи боарзиши дигар дар сохту густариши мактабҳо саҳим бошанд.

Ғанӣ дар маросими оғози соли ҷадиди таҳсилӣ ваъда дод, шаш ҳазор сохтмони мадраса дар саросари Афғонистон эҷод шавад.

Дар Афғонистон ба далели чаҳор даҳа ҷанг ва вайронӣ, то кунун ниме аз мадрасаҳои рустоӣ бидуни сохтмон ҳастанд ва донишомӯзон дар фазои боз омӯзиш мебинанд.

Имсол бар хилофи солҳои гузашта, ҳамалоти террористӣ мадрасаҳои Афғонистонро, ки ҳудуди 9 миллион донишомӯз дар он машғули таҳсил ҳастанд, таҳдид мекунад.

Дар Афғонистон мадрасаҳо дар рӯзи севуми Наврӯз оғоз ва то поёни озармоҳ идома меёбад ва ба ҷойи таътилии тобистонӣ, мадрасаҳо дар се моҳи зимистон дар ин кишвар таътил ҳастанд.