ВУХ-и Русия: Равобити Маскав бо Ғарб бадтар аз замони ҷанги сард аст
(last modified Mon, 02 Apr 2018 13:54:16 GMT )
Апрел 02, 2018 18:54 Asia/Dushanbe
  • ВУХ-и Русия: Равобити Маскав бо Ғарб бадтар аз замони ҷанги сард аст

Вазири умури хориҷии Русия бо баёни ин ки равобит бо Ғарб бадтар аз замони ҷанг сард аст, таъкид кард, ҳузури низомиёни Амрико дар Сурия ғайриқонунӣ аст.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия имрӯз эълом кард, ки равобити кунунӣ бо Амрико, Англия ва дигар кишварҳо дар вазъи бадтар аз замони ҷанги сард аст. Лавров бо ибрози асабоният аз иқдоми Чехия дар таҳвил додани як шаҳрванди Русия ба Амрико таъкид кард, мизони вахим шудани равобити Русия бо давлатҳои ғарбӣ ба Маскав вобаста нест.

Ба навиштаи хабаргузории «Интерфакс», ӯ бо баёни ин ки гузоришҳое аз беҳбуди ҳоли Юля Скрипал, духтари ҷосуси Англия дарёфт карда, ибрози умедворӣ кард, ҳоли худи Сергей Скрипал низ беҳбуд меёбад. Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин бо ишора ба изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи хурӯҷ аз Сурия гуфт, ин изҳорот тааҳҳуди вай ба мавозеашро нишон медиҳад ва Амрико баъд аз шикасти комили ДИИШ Сурияро тарк мекунад. Лавров бо баёни ин ки Амрико тайи чанд моҳи ахир ба шиддат дар Сурия фаъолият карда гуфт: «Ҳузури низомиёни амрикоӣ дар хоки Сурия ғайриқонунӣ ва бар хилофи маншури Созмони Милали Муттаҳид аст».