Июн 13, 2018 20:28 Asia/Dushanbe
  • Русия: Ҳамкории Амрико ва Кореяи Шимолӣ барои ҳалли буҳрони Корея кофӣ нест

Вазири хориҷаи Русия гуфт, ҳалли буҳрони шибҳҷазираи Корея аз ҷумла халъи силоҳи ҳастаӣ дар ин минтақа ба сурати дуҷониба миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ, мумкин нест.

Сергей Лавров гуфт: Тазмини амнияти шибҳҷазираи Корея ба сурати дуҷониба, имконпазир нахоҳад буд.

Вай афзуд: Бархилофи Амрико, Пхенян ҳамонанди Русия, Чин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамвора ба халъи силоҳи ҳастаии ҳамаи шибҳҷазираи Корея таъкид дорад.

 

Барчасп