Намояндаи Ҳамос дар Эрон: Муомилаи қарн талоше барои аз байн бурдани ормони Фаластин аст
(last modified Tue, 10 Jul 2018 12:23:22 GMT )
Июл 10, 2018 17:23 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Ҳамос дар Эрон: Муомилаи қарн талоше барои аз байн бурдани ормони Фаластин аст

Намояндаи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар Эрон, тарҳи муомилаи қарнро талоши Амрико ва режими саҳюнистӣ барои аз байн бурдани ормони Фаластин унвон кард.  

Холид Қудумӣ, намояндаи ҷунбиши Ҳамос дар Эрон дар нишасти “Муомилаи қарн, дастовардҳои муқовимат ва тағйири муодилоти минтақаӣ” дар Теҳрон гуфт: Тарҳи муомилаи қарн ҳеҷ фоидае барои мардуми Фаластин нахоҳад дошт ва ин ҳаракат дар воқеъ як зӯргуӣ аз сӯи Амрико ва режими саҳюнистӣ аст.

Қудумӣ афзуд: Амрико ва режими саҳюнистӣ бо муомилаи қарн мехоҳанд, пойдорӣ ва истодагии миллати Фаластинро аз байн баранд, аммо дар ин тавтеа ноком хоҳанд монд.

Бар асоси тарҳи амрикоии муомилаи қарн, Қудс ба режими саҳюнистӣ вогузор мешавад ва оворагони фаластинӣ, ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин фақат моликияти арозии боқимондаи каронаи Бохтарӣ ва борикаи Ғаззаро хоҳад дошт.