Чин ва Олмон барои муқобила бо ҷанги тиҷории Амрико қарордоди тиҷории 20 миллиард евроӣ имзо карданд
(last modified Tue, 10 Jul 2018 14:49:29 GMT )
Июл 10, 2018 19:49 Asia/Dushanbe
  • Чин ва Олмон барои муқобила бо ҷанги тиҷории Амрико қарордоди тиҷории 20 миллиард евроӣ имзо карданд

Садриаъзами Олмон ва нахуствазири Чин дар Берлин дидор карда ва бар лузуми пойбандӣ ба мабони низоми тиҷории чандҷониба дар сояи ҷанги тиҷорӣ бо Амрико таъкид карданд.

Ангела Меркел, садриаъзами Олмон ва Ли Киёнг, нахуствазири Чин бо якдигар дидор карда ва бар лузуми пойбандии кишварҳо ба қавонини низоми тиҷорати байналмилал алорағми иқдомоти тиҷории Амрико таъкид карданд.

Дар қолаби бахше аз сафари мақомоти Чин ба Берлин дутараф тавофуқномаҳои тиҷорӣ ба арзиши 23.5 миллиард доллар бо якдигар имзо карданд.

Ин тавофуқномаҳо шомили иҷрои чанд тарҳи муштарак бо ҳузури ширкатҳои дутараф назири Сименс, Фолксваген, DASF ва ғайра аст.  

Меркел пас аз ин дидор гуфт: Ҳар ду кишвар хостори пойбандӣ ба қавонини Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ҳастанд.

Вай гуфт: Ҳамонгуна, ки мо ҳаҷми болои сармоягузории мустақим дар Амрико дорем, дар Чин низ сармоягузориҳои мустақими зиёде анҷом додаем.