Оё Дутерте ба вуҷуди Худо имон овардааст?
Раиси ҷумҳурии Филиппин, ки пештар гуфта буд, агар вуҷуди Худо собит шавад, истеъфо медиҳад, акнун эълом карда, эҳтимолан ба бемории сахте дучор шуда, ки дар сурати таъйиди он, истеъфо хоҳад дод.
Ба гузориш хабаргузории Блумберг, Родриго Дутерте раиси ҷумҳурии 73-солаи Филиппин рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи донишомӯхтагони Донишкадаи афсарии ин кишвар эълом кард: Ҳанӯз намедонам дар чӣ сатҳе аз беморӣ ҳастам, бояд мунтазири натиҷаи озмоишҳо бимонам.
Родриго Дутерте, ки мубтало ба саратон аст, гуфтааст агар саратонаш дар марҳалаи севум (хатарнок) бошад, дармоне даркор нахоҳад буд ва ӯ намехоҳад азоби бештаре бикашад.
Гуфтнӣ аст Родриго Дутерте аз соли 2016 раиси ҷумҳурии Филиппин аст ва давраи раёсати ҷумҳуриаш то 2022 идома дорад.
Мутобиқи қонуни асосии Филиппин раиси ҷумҳур бояд бемории худро ба иттилои мардум бирасонад ва дар сурати истеъфо, ихтиёроташ ба муовини раиси ҷумҳур мерасад.
Раиси ҷумҳурии Филиппин, ки то кунун суханони аҷибу ғариби зиёде бар забон овардааст, моҳи июли гузашта гуфта буд, ки агар вуҷуди Худо исбот шавад аз симаташ канорагирӣ хоҳад кард!
Вай бо лаҳне комилан ҷиддӣ гуфта буд: Агар фақат як нафар битавонад собит кунад, ки метавонад бо Худо ҳарф бизанд, ё ӯро бубинад, ё бо ӯ селфӣ бигирад, ман фавран истеъфо медиҳам.
Ин суханони се моҳ қабли Родриго Дутерте дар канори эъломи канорагириаш аз раёсати ҷумҳурӣ дар сурати ҷиддӣ будани беморӣ, сабаб шуда то корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи имон овардани ӯ ба Худо бинависанд.