Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳи шикоят аз Арабистон аз сӯи қурбониёни ҳодисаи 11 сентябрро тасвиб кард
(last modified Sat, 10 Sep 2016 14:04:49 GMT )
Сентябр 10, 2016 19:04 Asia/Dushanbe

Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳе, ки ба хонаводаҳои қурбониёни ҳодисаи 11 сентябр иҷозаи шикоят аз Арабистон медиҳадро ба тасвиб расонд.

Ҷерролд Недлер-намояндаи демократи Ню-Йорк дар мусоҳибае бо Associated Press гуфт, "мо мехостем ин тарҳ дар иқдоме намодин қабл аз понздаҳумин солгарди 11 сентябр ба саҳни аланӣ ворид шавад".

Маҷлиси Сено чанд моҳ пеш тарҳи монанди ин тарҳро бо вуҷуди мухолифатҳои Арабистони Саудӣ ба тасвиб расонда буд. 15 нафар аз ҳавопайморабоён дар ҳодиса 11 сентябри соли 2001, шаҳрвандони Арабистон будаанд.

Тасвиби ин тарҳ дар Маҷлиси намояндагон, ду моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки кунгураи Амрико 28 сафҳа аз таҳқиқоти ин ниҳоди амрикоӣ дар бораи нақши Арабистони Саудӣ дар ҳамалоти 11 сентябрро мунташир кард. Ин аснод нишон медиҳанд, ки дастикам чанд нафар аз омилони ҳамалоти 11 сентябр, бо мақомҳои давлати Арабистон дар тамос будаанд.

Тарҳи мавриди назар, баъд аз касби ҳар ду Маҷлиси Амрико (Сено ва Намояндагон) акнун бояд барои табдил шудан ба қонун барои Барак Обама, раисҷумҳури Амрико фиристода шавад. Обама қаблан ин тарҳро ба вето, мутобиқи ихтиёроти қонуниаш таҳдид кардааст.

Гузориши ҳамкоримон Наҷафзодаро аз Ню-Йорк мешунавед: