Ҳушдори дипломатҳои аврупоӣ дар бораи таъсири таҳримҳо зидди Эрон бар арзиши доллар
(last modified Mon, 29 Oct 2018 14:58:36 GMT )
Октябр 29, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори дипломатҳои аврупоӣ дар бораи таъсири таҳримҳо зидди Эрон бар арзиши доллар

Дипломатҳои аврупоӣ таҳримҳои зидди эронии давлати Амрикоро мӯҷиби заиф шудани доллар медонанд.

Ҳафтаномаи “Washington Examiner” навишт, дипломатҳои аврупоӣ ҳамзамон бо наздик шудан ба даври ҷадиди таҳримҳои зидди эронии Кохи Сафед, дар бораи коҳиши арзиши доллар ҳушдор доданд.

Ба гуфтаи дипломатҳои аврупоӣ, ин иқдоми Амрико метавонад раванди гуфтугӯҳо дар бораи системҳои молии бидуни доллар ва мустақил аз сиёсати Амрикоро шитоб бахшад ва дар ниҳоят, мӯҷиби коҳиши арзиши доллар шавад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳаштум майи 2018 дар иқдоме комилан якҷониба ва ғайриқонунӣ, хориҷ шудани кишварашро аз тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) эълом кард ва аз тасмими худ барои бозгардондани таҳримҳои иқтисодии зидди Эрон хабар дод.

Ҳадафи баландпарвозонаи Трамп ин буд, ки аз оғози ноябри 2018 содироти нефти Эронро ба сифр бирасонад.

Бо вуҷуди таҳримҳо ва таҳдидҳои Амрико, ҳатто муттаҳидони ғарбии Кохи Сафед дар Аврупо, хоҳони идомаи муносиботи тиҷорӣ бо Эрон ҳастанд ва муштариёни умдаи нефти ин кишвар, аз ҷумла Чин низ эълом кардаанд, ки ба хариди нефти Эрон идома хоҳанд дод.