Фирори беш аз 42 миллиард доллар сармоя аз Русия
(last modified Wed, 14 Nov 2018 09:25:36 GMT )
Ноябр 14, 2018 14:25 Asia/Dushanbe
  • Фирори беш аз 42 миллиард доллар сармоя аз Русия

Бонки марказии Русия эълом кардааст, ки танҳо дар 10 моҳаи соли 2018 -ум 42.2 миллиард доллар сармоя тавассути бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ аз ин кишвар хориҷ шудааст.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси додаҳои ин бонк, ҳаҷми сармояи хориҷшуда аз Русия нисбат ба замони мушобеҳи соли 2017 афзоиш ёфта ва аз 14 миллиард доллар ба 42.2 миллиард доллар расидааст.

Ниме аз сармояи хориҷшуда тавассути бахши хусусии ин кишвар ва нисфи дигар низ тавассути сармоядорони хориҷии ғайримуқим аз Русия хориҷ шудааст.

Торнамои русии “Школа инвестора” дар ин бора навишт: Аз соли 1994 то соли 2018 -ум 704 миллиард доллар сармоя аз Русия хориҷ шудааст.

Ин рақам 2.5 баробари буҷети Русия дар соли 2018 аст.

Иллати аслии хуруҷи сармоя аз Русия таҳримҳои Амрико ва Ғарб баён мешавад, ки аз соли 2014 ва ба далели пайвастани нимҷазираи Қрим ба хоки Русия сурат гирифтааст.