Ҳаром эълом кардани кишти хашхош, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон
(last modified Tue, 04 Dec 2018 10:23:07 GMT )
Декабр 04, 2018 15:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳаром эълом кардани кишти хашхош, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон

Шуморе аз уламои вилояти Нангарҳори Афғонистон кишти хашхош ва тавлиди тарёк ва масрафи маводи мухаддирро дар ин кишвар ҳаром ва хилофи шариати Ислом эълом карданд.

Уламои динии 22 ноҳияи вилояти Нангарҳор дар нишасте дар шаҳри Ҷалолобод, маркази ин вилоят дар шарқи Афғонистон, кишти хашхош, тавлид ва қочоқи маводи мухаддирро ҳаром эълом карданд.

Ба гуфтаи Идрис Сопи, раиси дафтари вилоятии Идораи мубориза бо маводи мухаддири вилояти Нангарҳор, уламо дар ин нишаст мутааҳҳид шуданд аз тариқи масоҷид ба мардум огоҳӣ диҳанд, ки кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир хилофи Ислом аст.

Мақомҳои Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ҳам ҳамвора бар нақши уламо барои решакан кардани кишти хашхош, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир таъкид карда ва иттилоърасонии онҳоро дар байни мардум барои мубориза бо ин падидаи шум муассир ва муфид донистанд.

Пас аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 кишти хашхош дар Афғонистон ба шиддат афзоиш ёфтааст ва бар асоси гузориши ниҳодҳои назоратии Амрико, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 820 ҳазор гектар замин дар Афғонистон зери кишти хашхош қарор дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Афғонистон тамоми роҳкорҳои мумкинро барои мамониат аз кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ба кор бастааст. Аммо ҳамкорӣ накардани нерӯҳои ишғолгар бо давлати Афғонистон дар ин хусус боис шудааст то ин кишвар ҳамчунон муҳимтарин маркази тавлид ва тавзеи маводи мухаддир дар ҷаҳон бошад.

Дар мавриди илали афзоиши кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон чанд нукта қобили таваҷҷуҳ аст. Аввал ин ки дар ду даҳаи ишғоли Афғонистон ҳеҷ кишти ҷойгузине барои хашхош дар Афғонистон матраҳ ва эъмол нашудааст. Агарчӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон дар авоили ташкили давлати мардумӣ дар Афғонистон кишти ҷойгузинро ба унвони як роҳкори усулӣ пешниҳод кард, аммо ҳеҷ гоҳ аз сӯйи Амрико ва маҳофили байналмилалӣ маврид таъйид ва ҳимоят қарор нагирифт.

Аҳмад Насир Тараки, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, беиродагии сиёсӣ дар маҳви киштзорҳои тарёк ва адами мусоидат бо кишоварзон ба ҳамроҳи тамоюли ҳалқаҳои мафиёи дохилӣ дар пайравӣ бо қочоқчиёни хориҷӣ дар канори идомаи ҷанг ва ноамнӣ, аз ҷумлаи муҳимтарин илали афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон аст.

Дувумин омили афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ин аст, ки кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир ҳамчунон аз муҳимтарин манобеи таъмини молии гурӯҳҳои хушунатгаро ва террористӣ дар ин кишвар аст ва онон бо тасаллут бар манотиқи мухталиф дар ин кишвар бо ҷиддият тавлиди маводи мухаддирро дунбол мекунанд ва дар бархе манотиқ аз кишоварзон молиёт низ дарёфт мекунанд.

Севумин мавзуъ дар ин хусус гароиши “савдогарони марг” ба тавлиди санъати маводи мухаддир бо истифода аз коргоҳҳо ва таҷҳизоти воридотӣ аст, ки ба афзоиши тавлиди он дар Афғонистон бисёр кумак мекунад ва гуфта мешавад, фурудгоҳҳои Афғонистон, ки дар ихтиёри ишғолгарон аст, дар таҳият онҳо нақш доранд.

Довуд Сайфӣ, коршиноси мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон мегӯяд: “Фикр мекунам дар мубориза бо тавлидкунандагон ва бондҳои мафиёии маводи мухаддир, ҳам давлати Афғонистон бояд иқдом кунад ва ҳам кишварҳое, ки иддаои мубориза бо маводи мухаддирро доранд. Аммо беморон ва муътодоне, ки тавассути бондҳои мафиёӣ муътод шудаанд, инҳо низ бояд мудово шаванд ва ҷилави афзоиши эътиёд гирифта шавад ва бояд як басиҷи ҳамагонӣ барои огоҳии мардум эҷод шавад”.

Дар ҳар ҳол, давлати Афғонистон барои муқобила бо кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар бисёр талош кардааст. Ба гунае, ки бисёре аз заминҳои зеркишти маводи хашхош ва коргоҳҳои тавлиди маводи мухаддирро аз байн бурдааст. Бо ин ҳол, бо таваҷҷуҳ ба нуфузи қобили таваҷҷуҳи рӯҳониюн дар миёни мардум, давлати Афғонистон умедвор аст бо ҳаром эълом кардани кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар битавонад аз тавлиди он бикоҳад. Бо ин ҳол он чӣ муҳим аст, ин ки дар канори иқдомоти низомӣ ва идология,тарғиби кишоварзон барои кишти дигар маҳсулот, аз ҷумла гандум зимни он ки аз назари молӣ ононро таъмин мекунад, балки метавонад ба худкифоии Афғонистон дар таъмини эҳтиёҷоти ғизоӣ низ кумак кунад.

Албатта, тағйири корбарии заминҳои кишоварзӣ ниёзманди ҳимоятҳои давлат ва артиши миллии Афғонистон низ ҳаст то кишоварзон бидуни тарс аз хушунатталабон кишти худро аз хашхош тағйир диҳанд.

 

Барчасп