20 кишвари дорои камсуръаттарин интернети ҷаҳон кадоманд?
Вебсайти нашрияи Ceoworld Magazine бо интишори феҳристе аз суръати интернет дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Узбакистонро ҷузъи 20 кишвари дорои кундтарин суръати интернет дар ҷаҳон қарор дод.
Дар охирин феҳристи кишварҳои ҷаҳон бо камтарин ва бештарин суръати иттисол ба шабакаи интернет дар 2018, ки Вебсайти нашрияи Ceoworld Magazine мунташир кардааст, Кореяи Ҷанубӣ ҳамчунон пурсуръаттарин, арзонтарин ва фарогиртарин шабакаи интернет дар ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.
Суръати интернет дар ин кишвар ба таври миёнгин беш аз 45 мегабайт бар сония аст ва 99 дарсади хонаҳои шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ ба интернети пурсуръат муттасил аст.
Аз 200 кишвари ҷаҳон, кишварҳои тавсеаёфта ва пешрафта дар феҳристи суръати интернет дар садр қарор доранд ва кишварҳои тавсеанаёфта ва фақир дар радаҳои поёнии ин феҳрист ҷой гирифтаанд.
Заифтарин кишвар аз назари суръати интернет Яман аст, ки бо суръати 0.31 мегабайт бар сония дар рутбаи 200 қарор дорад.
Кишварҳои Таймури шарқӣ, Туркманистон, Сомалӣ, Гвинея, Мавритания, Сурия, Нигерия, Буркина-Фасо, ҷумҳурии демократики Конго, Конго-Браззавил ва Ҷибутӣ дар радаи дувум то дувоздаҳуми кишварҳои камсуръат қарор доранд.
Тоҷикистон низ бо суръати 0.94 мегабайт бар сония сездаҳумин кишвар бо интернети заиф дар ҷаҳон аст.
Молӣ, ҷумҳурии Вануату, Майотте, Узбакистон, Эфиопия, ҷумҳурии демократики Сао Томе ва Принсип ва Габон низ кишварҳои чаҳордаҳум то бистуми ҷаҳон аз назари суръати заифи интернет ҳастанд.