Апрел 28, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Мақоми қатарӣ: Эътимод миёни аъзои Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс аз байн  рафтааст

Раиси ҳайати мудираи шабакаи хабарии Алҷазираи Қатар таъкид кард: Таҳрими ин кишвар эътимод миёни кишварҳои узви Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форсро аз байн бурдааст.

Ба гузориши рӯзномаи қатарии "Ашшарқ" Ҳамад бин Оли Сонӣ, раиси ҳайати мудираи шабакаи хабарии Алҷазираи Қатар дар сенздаҳумин нишасти солонаи ин шабака гуфт: Ин бӯҳрони бесобиқа суботи кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форсро нишона гирифта ва паёмадҳои манфии он бештар мутаваҷҷеҳи миллатҳо будааст.

Вай бо ишора ба муҳаққақ шудани ҳадафҳои кишварҳои таҳримкунандаи Қатар ва зарар дидани тамоми тарафҳо аз ин масъала хотирнишон кард: Беэътимодӣ ва тарс аз эъмоли таҳрим бар ҳар як аз кишварҳо, ҳамчунон мушкили бузурги аъзои Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс аст.

Тамим бин Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар низ пештар дар ҳафтодусеввумин нишасти Маҷмаи Умумии СММ гуфта буд: Ихтилофот Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форсро фалаҷ кардааст.

 

 

Барчасп