Май 16, 2019 12:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар шафофияти бемонанди барномаи ҳастаии Эрон

Тавофуқи ҳастаии Барҷом JCPOA дар июли 2015 дар Вена, байни Эрон ва гуруҳи 5+1 эълом ва иҷроии он аз январи 2016 оғоз шуд. Ниҳоди байналмиллалии назорат бар ийфои таъаҳудоти Барҷомии Эрон, Ожонси байналмиллалии энержии атомие аст,ки пойбандии комили Эронро ба ин тавофуқ эълом кардааст.

Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия дар охирин мавзеъгирии худ дар ин замина рӯзи чоршанбе 15 май гуфт; Эрон аз замони имзои тавофуқи ҳастаии Барҷом дар соли 2015 то кунун шафофтарин кишвари ҷаҳон дар заминаи фаъолиятҳои ҳастаӣ будааст.

Раиси ҷумҳурии русия дар айни ҳол изҳор дошт,ки бо мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар мавриди Эрон суҳбат карда ва ӯ ба вай гуфта,ки Эрон ба таъаҳудоти ҳастаии худ пойбанд будааст.

Ин мавзеъи болотарин мақоми Русия,ки аз кишварҳои узви гуруҳи 4+1 маҳсуб мешавад ба хуби нишон медиҳад,ки иддаъоҳои Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи барномаи ҳастаии Эрон то чӣ ҳад дуруғ ва ба дур аз ҳар гуна воқеъият аст.

Трамп дар  8 майи 2018 ба баҳонаи ин,ки Барҷом Амрикоро ба ҳадафҳои мади назараш дар бораи Эрон ба вижа барномаи ҳастаии он намерасонад ва иддаъои ин,ки Эрон дар паи силоҳи ҳастаӣ аст, тарк кард. Бо ин ҳол ин иддаъоҳои Вашингтон ба ҳеҷ унвон мавриди қабули Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба унвони Ниҳоди байналмиллалии нозир бар иҷроии таъаҳудоти ҳастаии Эрон нест.

Ожонс то кунун дар қолаби 14 гузориш пойбандии комили Эрон ба Барҷомро эълом кардааст.

 Юкийо Амано, мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бо баёни ин,ки ин Созмон пойбандии Эронро ба таъаҳудоташ дар чорчуби Барҷомро мавриди баррасӣ ва назорат қарор додааст, таъкид кард; Теҳрон ба иҷроии таъаҳудот пойбанд буда ва ин муҳим аст,ки Эрон ба иҷроии комили таъаҳудоташ дар ин бора идома диҳад.

Ҳадафи воқеии Трамп аз хуруҷ аз Барҷом ва ибрози хостаҳои зиёдаталабона ва хориҷ аз таъаҳудоти Эрон дар чорчуби Барҷом,сирфан эҷоди маҳдудиятҳои шадид барои барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон ва дар ниҳоят тавақуфи комили он дар ростои хостаҳои режими Саҳюнистӣ аст.

Ин хостаҳо,ки дар қолиби шурути 12 гона тавассути  Майк Пампео ба унвони вазири хориҷаи Амрико дар майи 2018 эълом шуд, шомили мавориде монанди тавақуфи комили барномаи ҳастаӣ ва барномаи мушакии Эрон ва низ тағйири сиёсатҳои минтақаии Эрон аст.

Масъалаи дигаре,ки Путин ба он ишора карда ин аст,ки ба рағми ҳимояти Маскав аз Барҷом,аммо ояндаи ин тавофуқи ҳастаӣ бо масоили зиёде гиреҳ хурдааст.

Путин гуфт; мутаасифона ҳамаи тавофуқҳо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон нақз шудааст, аммо Русия ҳамвора аз ҳомиёни тавофуқи ҳастаии Эрон буда ва беҳтар аст Эрон дар чорчуби барномаи ҷомеъ иқдоми муштараки( Барҷом ) гом бардорад.... Албатта дар мавриди Барҷом ҳам бояд бигуям ,ки ояндаи он танҳо ба Русия бастагӣ надорад.

Ба иборати дигар аз нигоҳи вай ояндаи Барҷом дар гарави иҷроӣ шудани ваъдаҳои Аврупоиҳо ба Эрон дар заминаи коҳиши таъсири таҳримҳои Амрико аз ҷумла бо роҳандозии созукори вижаи табодули молии мавсум ба ИНСТЕКС аст.

Эрон бо иқдоми ахири худ дар заминаи коҳиши таъаҳудоти Барҷомӣ ва додани мудатзамони 60 рӯза ба Аврупо дар воқеъ ҷидияти худро ба аъзои гуруҳи 4+1 нишон дод то онҳо барои наҷоти Барҷом иқдомоти асосӣ ва муасир сурат диҳанд.

Эрон таъкид кардааст дар сурате,ки тарафҳои дигари Барҷом ба вижа Британия, Олмон ва Фаронса ва Иттиҳодияи Аврупо ба таъаҳудоти худ дар баробари ин тавофуқ амал кунад,ҳозир аст бори дигар иҷроии таъаҳудоти пешини худро аз сар гирад.

Барчасп