Паёми таслияти вазири дифои Эрон дар паи ҷон бохтани афсарони неруи баҳрии Русия
(last modified 2019-07-11T07:58:46+00:00 )
Июл 11, 2019 12:58 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти вазири дифои Эрон дар паи ҷон бохтани афсарони неруи баҳрии Русия

Вазири дифои Эрон ҷон бохтани теъдоде аз афсарони неруҳои баҳрии Русия дар паи бурузи сониҳаи зердарёии ин кишварро ба вазири дифои Русия таслият гуфт.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи Вазорати дифои Эрон, амир сартип Амири Ҳотамӣ вазири дифои Эрон дар паёме ба Сергей Шайго вазири дифои Русия бо ибрози таъассуф аз ҳодисаи оташсӯзии зердарёии ин кишвар бо хонаводаҳои ҷонбохтагон ва неруҳои мусаллаҳи Русия ибрози ҳамдардӣ кард.

Бар асари ҳодисаи оташсӯзӣ дар як зербаҳрии таҳқиқотии артиши Русия ҳамаи 14 хадамаи он ҷон бохтанд.

Вазорати дифои Русия дуввуми июл дар баёнияе эълом кард, марги хадамаҳои ин зердарёӣ бар асари хафагии бархоста аз истиншоқи дуд будааст.

Барчасп