Кушта шудани беш аз 30 нафар бар асари инфиҷори мина дар Афғонистон
(last modified 2019-07-31T08:37:26+00:00 )
Июл 31, 2019 13:37 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани беш аз 30 нафар бар асари инфиҷори мина дар Афғонистон

Бар асари инфиҷори мина канори роҳе дар масири як дастгоҳи автобуси мусофирбарӣ дар Афғонистон 34 мусофир кушта шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, ин мина канори роҳе дар масири Ҳирот-Қандаҳор мунфаҷир шуд.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтааст.

Дар соли 2018 дар ин кишвар инфиҷори мина, бомбаҳои дастсоз ва дигар маводи инфиҷорӣ беш аз 1400 қурбонӣ гирифт, ки 58 дарсади қурбониёни ин инфиҷорҳо кӯдакон ва 10 дарсади дигар занон ҳастанд.

Барои поксозии майдонҳои мина дар Афғонистон солона ба буҷаи 60 то 70 миллиондолларӣ ниёз аст.

 

Барчасп