Нишасти Шӯрои амният дар бораи Сурия ва таъкиди Маскав бар ҳимояти Ғарб аз террористҳо
(last modified 2019-08-08T07:34:02+00:00 )
Август 08, 2019 12:34 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Шӯрои амният дар бораи Сурия ва таъкиди Маскав бар ҳимояти Ғарб аз террористҳо

Сурия аз соли 2011 даргири нооромӣ ва сипас ҷанги дохилӣ байни давлати қонунии Сурия ва муттаҳидони он аз як тараф ва гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Ғарб ва шарикони араби он будааст.

Нишасти Шӯрои амният рӯзи чаҳоршанбеи 7 –уми август дар бораи Сурия ва бо мавзӯи боздоштшудагон ва гумшудагон дар Сурия баргузоршуд. Дар ин нишаст Дмитрий Полянский, муовини намояндаи Русия дар Созмони Милал, ғарбиҳоро ба ҳимоят аз террористҳо дар Сурия муттаҳам кард ва гуфт, ҷомеаи байналмилал бояд беш аз ҳарф, барои бозсозии Сурия пас аз буҳрони амиқе, ки тавассути кишварҳои хориҷӣ дар ин кишвар эҷод шуд, кумак кунанд. Полянский ёдовар шуд, ин нерӯҳои хориҷӣ аз бархе кишварҳое омадаанд, ки акнун амиқтарин нигарониҳои худро дар бораи шароити инсонӣ дар Сурия иброз мекунанд.

Муовини намояндагии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид идома дод: “Интизор доштем ҳамкорони ғарбии мо мутақобилан дар бораи шароити сарзаминҳои ишғолӣ тавассути террористҳо дар Сурия ҳам гузорише ироа кунанд ва бигӯянд, ки дар он ҷо чӣ қонуне бар мардум ҳоким аст”.

Амрико дар раъси эътилофи ғарбӣ ва арабӣ пас аз вуқӯи буҳрони Сурия дар соли 2011 барои пешбурди манофеъ ва расидан ба аҳдофи мадди назари худ қарор дорад. Ин эътилоф ба вижа дар сарнагунии давлати қонунии Сурия ва нобудии меҳвари муқовимат, ба ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар, ба хусус ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра пардохтааст. Бо ин ҳол пас аз 8 сол талоши бесамар акнун дурнамои шикасти комили гурӯҳҳои террористӣ беш аз пеш намоён шудааст. Акнун ин гурӯҳҳо ба раҳбарии ҳайати Аттаҳрир-уш-Шом (Ҷабҳаи Аннусраи собиқ) ба нақзи оташбас дар манотиқи коҳиши таниш пардохта ва ҳамин масъала вокуниши артиши Сурия ва муттаҳидон онро барангехтааст. Акнун ғарбиҳо ба баҳонаҳои ҳуқуқи башар амалан ба ҳаводорӣ аз террористҳо ва маҳкум кардани муборизаи артиши Сурия бо онҳо пардохтаанд. Луи Фалоҳ, муовини намояндаи Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Шӯрои амният дар бораи Сурия, ба ҳимоятҳои моддӣ ва таслиҳотии Амрико, Британия ва Фаронса аз террористҳо дар Сурия ишора кард таъкид кард, ин се кишвар тамоми талоши худро ба кор бастаанд то аз нобудии гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ҷилавгирӣ кунанд. Вай суиистифодаи ҳайатҳои Амрико, Британия ва Фаронса аз минбари Шӯрои амният ба манзури тахриби чеҳраи давлат Сурияро ғайриқобили қабул донист.

Ба гуфтаи Фалоҳ, нодида гирифтани сарнавишти гумшудагон ва рабудашудагони назди гурӯҳҳои террористӣ ва чашмпӯшӣ аз ранҷи аҳолии манотиқи ишғолӣ, дугонагии сиёсии баъзе кишварҳои узви Созмони Милалро таъйид мекунад.

Бо вуҷуди ин рӯйкарди ғарбиҳо, аммо давлати қонунии Сурия бар ёфтани роҳи ҳалли сиёсии пойдор ва идомаи раванди нобудии конунҳо ва марокизи ҳузури терроризм дар Сурия таъкид дорад.

Маскав ба унвони ҳампаймони Димишқ дар ҷанг алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия низ борҳо таъкид карда, ки Амрико ба унвони сардамдори Ғарб монеи аслӣ дар масири поён додан ба буҳрони Сурия аст. Давлат Сурия ва мақомоти аршади ин кишвар ҳам борҳо аз нақши манфии Ғарб дар арсаи Сурия ва ба вижа сиёсати Амрико барои идомаи таниш ва даргирӣ дар Сурия интиқод кардаанд. Ба гуфтаи Иван Иполитов, коршиноси сиёсӣ, ҳадафи Амрико дар солҳои ахир ҳамвора истифодаи абзорӣ аз терроризм ва ифротгароӣ барои пешбурди сиёсати хориҷии ин кишвар буда ва паёмади ин масъала тазъифи кишварҳои Ховари Миёна ва эҷоди заминаи рушди терроризм ва ифротгароӣ будааст.

Бо ин ҳол иқдомоти низомии ахири артиши Сурия ва муттаҳидони он нишон медиҳад, ки Димишқ бо вуҷуди мухолифатҳо ва коршиканиҳои Ғарб дар заминаи бархурд бо гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва талош барои ҳимояти ҳамаҷониба аз онҳо, азми худро барои озодсозии манотиқи таҳти ишғоли террористҳо ҷазм карда ва бидуни ҳарос аз таҳдидот ва фишорҳо ин масирро то пирӯзии ниҳоӣ бар онҳо идома хоҳад дод.

 

Барчасп