Кушта шудани 18 нафар бар асари инфиҷор дар як корхонаи маводи тарканда дар Ҳинд
(last modified 2019-09-05T07:14:46+00:00 )
Сентябр 05, 2019 12:14 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 18 нафар бар асари инфиҷор дар як корхонаи маводи тарканда дар Ҳинд

Бар асари инфиҷор дар як корхонаи сохти маводи тарканда дар шимоли Ҳинд, дастикам 18 нафар кушта шуданд.

Полиси Ҳинд эълом кард, дар ин инфиҷор дастикам 18 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гузоришҳо аз эҳтимоли афзоиши куштаҳои ин ҳодиса хабар медиҳад.

Иллати вуқӯи ин инфиҷор ҳанӯз ба сурати дақиқ мушаххас нашудааст.

Чанд рӯзи пеш низ бар асари инфиҷори корхонаи тавлиди маводи кимиёӣ дар иёлати Маҳараштра, дар ғарби Ҳинд, дастикам 20 нафар кушта, 50 нафари дигар захмӣ ва ҳафтод нафар низ нопадид шуданд.

 

Барчасп