Таҷамуъи донишҷуёни Эрон муқобили сафорати Британия дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин
(last modified 2019-11-02T07:11:18+00:00 )
Ноябр 02, 2019 12:11 Asia/Dushanbe
  • Таҷамуъи донишҷуёни Эрон муқобили сафорати Британия дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин

Ҷамъе аз донишҷуёни эронӣ рӯзи ҷумъа дар остонаи солрӯзи судури баёнияи нангини Болфур бо таҷамуъ муқобили сафорати Британия дар Теҳрон , сиёсатҳои хасмонаи ин кишвар алайҳи миллати Фаластинро маҳкум карданд.

Ба гузориши раиоди бурунмарзии Садои хуросон , таҷамуъкунандагон зимни ба иҳтизоз даровардани парчами Фаластин , шиорҳоеро дар маҳкумияти сиёсатҳои хасмонаи давлати Британия ва ҷиноятҳои режими Саҳюнистӣ сардоданд.

Болфур , аз баёнияҳои нангини таърихи Британия ,сароғоз ишғоли Фаластин ва таъсиси режими Сазюнистӣ аст.

Ин баёния,ки дуввуми ноябр 1917 тавассути Ортур Ҷемз Болфур вазири вақти Британия хитоб ба Борун Волтер Ручилд раҳбари ҷомиъаи яҳудиён ин кишвар содир шуд , иҷозатномаи таъсиси режими ҷаълии Исроил дар сарзаминҳои Фаластин аст.

Баёнияи Болфур ранҷҳои бисёреро барои мардуми мазлуми Фаластин ба бор овардааст.

Барчасп