Намояндаи рус: Иқдоми Эрон дар пазириши масъулияти суқути ҳавопаймо шуҷоона ва содиқона буд
(last modified Sun, 12 Jan 2020 13:21:42 GMT )
Январ 12, 2020 18:21 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи рус: Иқдоми Эрон дар пазириши масъулияти суқути ҳавопаймо шуҷоона ва содиқона буд

Намояндаи Думаи Русия тасмими Эрон дар пазириши масъулияти суқути ҳавопаймои украиниро шуҷоона тавсиф кард ва гуфт, Теҳрон бо ин кор нишон дод, яке аз раҳбарони минтақа аст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Леонид Слутский, намоянда  ва раиси Кумитаи равобити хориҷии Думаи Русия афзуд: Теҳрон бо пазириши масъулият дар қиболи соқит шудани ҳавопаймои украинӣ, иттиҳоми дар пеш гирифтани сиёсати мухарриб ва фиребкорӣ алайҳи ин кишварро барканор зад.

Ин мақоми рус афзуд: Бо вуҷуди ҳамаи масоиле, ки Эронро баргирифта, раҳбарии Эрон як гоми дуруст бардоштааст ва ман мутмаинам, ки Теҳрон барои сомондиҳии пайомадҳои ин трагедияи ваҳшатнок ҳар коре, ки лозим ва мумкин бошад анҷом медиҳад ва роҳи ҳаллу фасли масоил бо Киевро пайдо мекунад.

Слутский бо ишора ба ин иқдоми содиқонаи Эрон гуфт: Ин дар ҳоле аст, ки Вашингтон дар солҳои ахир борҳо талош кардааст Эронро ба унвони як ҳукумати фиребкор муаррифӣ кунад, аммо Эрон ин арзёбиҳои муғризонаро шикаст дод ва нишон дод, ки яке аз раҳбарони минтақа аст.

 

Барчасп