Тазоҳуроти миллионии мардуми Ироқ, ҳушдоре ба Амрико барои берун кашондани низомиёнаш аз ин кишвар
(last modified Sat, 25 Jan 2020 09:39:33 GMT )
Январ 25, 2020 14:39 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти миллионии мардуми Ироқ, ҳушдоре ба Амрико барои берун кашондани низомиёнаш аз ин кишвар

Тазоҳуроти миллионии густарда ва пуршури мардуми Ироқ ,ки ҷумъа хиёбонҳои Бағдод шоҳиди он буд , ҳушдоре ба Амрико барои берун кашондани низомиёнашон аз Ироқ дар сариътарин замони мумкин буд.

Ба нақл аз ИРНА , марҷаияти олии динии Ироқ дар нахустин вокуниш ба ин тазоҳурот ,гуфт ,ки миллати Ироқ дар баёноти мусолиматомез мутолиботи худ дар сиёнат аз ҳокимияти миллӣ ба дур аз ҳаргуна диктаи хориҷӣ ,комилан озод ҳастанд. Оятуллоҳ Саидалии Систонӣ дар баёнияаш  Саидаҳмад Алсофӣ имом ҷумъаи Карбало дар саҳни Ҳусейнӣ онро барои намозгузорон хонд, афзуд ,ки ҳокимият ва ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии Ироқ арзишҳое аст ,ки набояд ҳеҷ кишваре таҳти ҳар шароите ба он тааруз кунад. Дар ҳамин чорчуб,яке аз фармондеҳони муқовимати исломии Ироқ , тазоҳуроти имрӯзро инъикоси возеҳе аз мавзуи миллати Ироқ дар хусуси мухолифат бо ҳузури низомиёни амрико дар хоки Ироқ донист. Абуалло Алвалоӣ дар ТВИТТЕР навишт ,ки баъд аз ин ,ки парлумон ва миллати Ироқ мавзуи равшани худро баён кард дар сурати адами хуруҷи низомиёни Амрико аз хоки Ироқ посухи кубандае баъди аз тарафи гурӯҳҳои муқовимати исломӣ хоҳад буд.

Дабири кули Ъасоиб аҳл Алҳақ низ дар ТВИТТЕР бо қадрдонӣ аз ҳузури бошукӯҳи ҳамаи ақшори миллати Ироқ дар тазоҳуроти имрӯзи Бағдод гуфт ,ки Амрико агар ба шеваҳои қонунӣ ва мусолиматомез аз Ироқ берун наравад, Муқовимати исломии Ироқ маҷбураш ба хуруҷ мекунанд. Шайх Қайс Алхазалӣ хитоб ба раиси ҷумҳурии Амрико гуфтааст ,ки баъд аз ин,ки миллати Ироқ , мавзуи мухолифати худро бинобар ҳузури низомиёни Амрико гуфтааст ,ки баъд аз ин ,ки миллати Ироқ, мавзуи мухолифати худро бинобар ҳузури низомиёни Амрико дар кишварашон баён кард , Трамп аҳмақ бояд бидонад ба рағми хостааш маҷбур ба тарки хоки Ироқ хоҳад шуд.Бархе аз тазоҳуроткунандагон низ шигирдҳои ҷолибитаваҷуҳе дар нишондодани хашм ва нафрати худ аз сиёсатҳо ва низомиёни Амрико иброз доштанд ,ки аз ҷумла он ба дор кашидани одамаки Трамп ва нерӯҳои ишғолгар аст.

Бисёре аз тазоҳуроткунандагон ба нишони эъломи омодагӣ барои анҷоми амалиёти истишҳоди алайҳи низомиёни Амрико , кафан бар тан карда буданд.

Раиси ҷумҳурии Ироқ ,ки ҳамин ду рӯз пеш дар ҳошияи Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисодии ДОВВУС и Суис бо Трамп масалаи хуруҷи низомиёни Амрикоро ба баҳс ва гуфтугу гузошта буд, дар ТВИТТЕРе таъкид кард ,ки миллати Ироқ бар ҳифозат аз ҳокимияти миллии хеш исрор дорад. Барҳам Солеҳ гуфта аст ,ки миллати Ироқ бар доштани давлати дорои ҳокимияти миллӣ нақз нашуда ва ба дур аз дахолат ва диктаи хориҷӣ таъкид ва пофишорӣ доранд.