Интиқоди Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйкарди Фейсбук дар қиболи ҷиноёти артиши Миянмар
(last modified 2020-08-11T13:19:56+00:00 )
Август 11, 2020 18:19 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйкарди  Фейсбук дар қиболи ҷиноёти артиши Миянмар

Созмони Милали Муттаҳид бемайлии шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба ҳамкорӣ барои ошкор кардани ҷиноятҳои артиши Миянмар зидди мусулмононро ғайри қобили қабул тавсиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ройтерз, Агнес Каламар гузоришгари вижаи Созмон Милал Муттаҳид дар умури қатлҳои фироқонунӣ дар Твиттери худ дар ин бора навишт: тамоюл надоштан Фейсбук ба ҳамкорӣ бо таҳқиқот дар бораи ҷиноёти артиши Миёнмар аз ҷумла наслкушии мусулмонони Руҳингия қобил қабул нест. 
 
 Николас Коумҷиан раиси созукори мустақили таҳқиқотии Миянмар низ ба Ройтерз гуфт: Фейсбук мадорике дар даст дорад, ки комилан муртабит бо мавзӯъ ҳастанд ва бар ҷурмҳои байналмилалии ҷиддӣ далолат доранд, аммо ҳеҷ як аз онҳоро дар музокироте, ки як сол аст ба тӯл анҷомида, ироа накардааст. 
 
Фейсбук ба дархости Ройтерз барои изҳори назар дар ин замина посухе надодааст. 
 
Миянмар бо иттиҳомоти наслкушӣ дар девони байналмилалии додгустарӣ ба далели саркӯби низомии мусулмонони Рухингия дар сол 2017 мувоҷиҳ аст. 
 
Дар натиҷаи ин саркӯб, беш аз 730 ҳазор нафар маҷбӯр шуданд ба кишвари Бангладеш дар ҳамсояагии Миянмар бигурезанд. 
 
 Миянмар ин иттиҳомотро рад мекунад ва муддаӣ аст нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар амалиёти қонунӣ алайҳи шибҳи низомиён анҷом доданд, ки ба посгоҳҳои полис ҳамла карда буданд.

Барчасп