Фирори 10 ҳазор ғайринизомӣ аз Қундузи Афғонистон
(last modified Sun, 09 Oct 2016 08:11:06 GMT )
Октябр 09, 2016 13:11 Asia/Dushanbe
  • Фирори 10 ҳазор ғайринизомӣ аз Қундузи Афғонистон

Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияе эълом кард, наздик ба 10 ҳазор ғайринизомӣ аз шаҳри Қундуз дар шимоли Афғонистон фирор кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Мизон, дафтари умури башардӯстонаи СММ дар гузорише аз фирори мардуми Қундуз дар паи ноамнӣ ва даргириҳо байни Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Созмони милал эълом кард, мардуми шаҳри Қундуз ба сабаби идомаи даргириҳо байни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Толибон маҷбӯр шуданд барои дувумин бор дар як соли гузашта, хонаҳояшонро тарк кунанд.

Дафтари умури башардӯстонаи Созмони милал ҳамчунин ҳушдор дод, хонаводаҳое, ки ҳанӯз дар шаҳри Қундуз басар мебаранд бо камбуди об ва барқ, рӯбарӯ ҳастанд ва мушкилоти фаровоне дар таҳияи ғизо ва сӯхт доранд.

Шаҳри Қундуз бо 260 ҳазор нафар ҷамъият, дар шимоли Афғонистон воқеъ шудааст.