4+1; талоши Амрико зидди Эрон ва тавофуқи ҳастаӣ бефоида аст
(last modified Wed, 02 Sep 2020 04:02:26 GMT )
Сентябр 02, 2020 09:02 Asia/Dushanbe
  • 4+1; талоши Амрико зидди Эрон ва тавофуқи ҳастаӣ бефоида аст

Намояндагони кишварҳои узви тавофуқи ҳастаӣ дар Вена эълом карданд Амрикоро ба унвони узве аз ин тавофуқ намешиносанд ва Вашингтон ҳаққи истифода аз механизмҳои тавофуқи ҳастаӣ надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, узви комииссияи муштараки назорат бар иҷрои тавофуқи ҳастаӣ шомгоҳи сешанбе дар Венаи Австрия пас аз нишасти ин комиссия дар баёнияе дар ҳафт банд бар зарурати ҳифзи ин тавофуқ ки қатъномаи 2231 Шӯрои Амнияти Милали Муттаҳид низ онро тайид мекунад, таъкид карданд.

Аъзои комиссияи Барҷом ҳамчунин дар вокуниш ба талошҳои Амрико барои бозгардондани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки қаблан лағв шудаанд, як бори дигар таъкид карданд, ки Амрико дар торихи 8 май 2018 ба сурати якҷониба , таваққуфи мушорикати худ дар тавофуқи ҳастаиро эълом кард ва аз он пас дар ҳеч як аз фаъолиятҳои муртабит бо Барҷом мушорикат надоштааст, бинобарин Амрико як давлати узви Барҷом нест ва наметавонад фароянди бозгашти таҳримҳои Милали Муттаҳид таҳти қатъномаи 2231 Шӯроии амниятро оғоз кунад .
 Ин нишаст ба раёсати хонуми Хелго Ашмит муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо ҳузури намояндагони Чин,Франсия, Олмон , Федерасияи Русия , Англия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи муовинони вазирони умури хориҷа ва мудирони сиёсӣ баргузор шуд .
 Саййид Аббос Ироқчӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон сешанбе шаб пас аз поёни нишасти камиссияи муштараки Барҷом дар Вена гуфт : ҳамаи аъзоии камиссияи муштараки Барҷом мусаммам ҳастанд, иҷоза надиҳанд Амрико иродаи худашро таҳмил кунад ва тавофуқеро, ки мавриди ҳимояти ҷомеъаи байналмилал ва Шӯроӣ амният аст ба таври якҷониба аз байн бибарад .
 Хелго Ашмит рӯзи сешанбе дар поёни понздаҳумин нишасти камиссияи муштараки Барҷом дар Вена, иттиҳоди шарикони ин тавофуқ бар сари ҳифзи онро амри муҳим арзёбӣ кард .
 Михаил Улянов сафир ва намояндаи доимии Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена низ сешанбе шаб дар паёми Твиттер навишт : таъкиди дубораи кишварҳои боқимонда дар Барҷом бар инки, Амрико дигар мушорикаткунандаи ин тавофуқ нест, ба маънои  бе асар ва бе фоида бӯдани талоши Вашингтон зидди Эрон аст .
 Давлати Доналд Трамп, ки аз тавофуқи ҳастаӣ  бо Эрон хориҷ шудааст, талош мекунад бо тафсири якҷониба , Вашингтонро ҳамчунони узве аз тавофуқ тафсир кунад, то битавонад таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳиди алайҳи Эронро баргардонад ва таҳрими таслиҳотии Эронро, ки ба зудӣ поён меёбад тамдид кунад .