Беш аз 90 кушта , дастоварди ҷанги дурӯзаи Арманистон ва Озарбойҷон
Сентябр 29, 2020 12:36 Asia/Dushanbe
Омори куштаҳои Арманистон дар Қарабоғ аз замони оғози даргирӣ бо ҷумҳурии Озарбойҷон дар рӯзи якшанбе ба 84 нафар расида аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз вазорати дифои Арманистон бо кушта шудани 26 низомии армании дигар, омори куштаҳои ин кишвар аз замони оғози даргирӣ бо ҷумҳурии Озарбойҷон ба 84 тан расида аст .
Ҳамчунин вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард, ки камаш 6 ғайринизомии ин кишвар дар гулулаборони тупхонаӣ кушта шуданд .
Қарор аст Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид имрӯз дар нишасти вижа буҳрони Қарабоғро баррасӣ кунад .
Боку ва Ереван чаҳор даҳа аст, ки бар сари моликияти минтақаи Қарабоғ муноқиша доранд, ки ахиран ин муноқиша ба даргириҳои низомии байни ду кишвар хатм шуда аст.