Октябр 11, 2020 19:35 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати режими саҳюнистӣ бо фурӯши ҷангандаҳои

Вазири иттилооти режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба хабари дархости Қатар барои хариди ҷангандаҳои F-35 аз Амрико гуфт, Исроил бо фурӯши ин ҷангандаҳо ба Қатар мухолифат хоҳад кард.

Ройтерс  пештар ба нақл аз манобеи матлаъ гузориш кард, Қатар  дархости худро барои хариди ҷангандаҳои « F-35 » сохти ширкати « Локҳид Мартин » Lockheed Martin таҳвили давлати Амрико додааст .
Ба гузориши Sputnik рӯзи якшанбе, вазири иктишофи Исроил Эли Коэн илова кард, ки режим ба ҳама гуна тавофуқи эҳтимолии ИМА бо Қатар дар бораи таъмини ин ҷангиён мухолиф аст ва онро хилофи ҳадафҳо ва талошҳо барои ҳифзи амният мешуморад.
 Амрико  пеш аз ин бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тавофуқ кард то фурӯши ҷангандаи " F-35 " ба ин кишварро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ин тавофуқ, яке аз мазоёи  ваъда  додашуда ба Иморот дар изои  оддисозии равобити ин кишвар бо режими саҳюнистӣ буд .

Барчасп